Jump to content

Гнейс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гнейс
Твёрдость {{{Твердость}}}

Гнейс (аз олмонӣ: Gneis — ҷинси кӯҳии нарми бодхӯрда) — ҷинси кӯҳии метаморфӣ, ки минералҳои ҷинсташкилкунандаи асосиаш плагиоклаз, кварс ва шпати саҳроии калийдор ё калигӣ мебошанд.

Ба миқдори кам минералҳои биотит, мусковит, амфибол, пироксен, беҷода, кианит, силлиманит дорад. Сфен, рутил, сиркон, апатит, магнетит ва карбонатҳо минералҳои хосси аксесории гнейс мебошанд. Вобаста ба таркиби минералиашон гнейсҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд: биотитдор, мусковитдор, дуабрақдор, амфиболдор ва пироксендор, силлиманитдор ва ғ. Ҳамчунин дар байни гнейсҳо намуди плагиогнейсҳо мавҷуданд, ки дар онҳо миқдори плагиоклаз нисбат ба шпати саҳроии калийдор хеле зиёд мебошад. Гнейси ишқорӣ намуди хосса буда, дар таркибаш минералҳои рангаи пироксенҳо (эгирин, эгирин-авгит) ва амфиболҳои ишқорӣ (арфведсонит, рибекит) дорад. Ба гнейс текстураи параллелӣ-варақсангӣ, зиёдтар рах-рах ва сохтори гранобластӣ, порфиробластӣ ва пойкилобластӣ хос мебошанд. Таркиби кимёвии гнейс ба санги хоро ва варақсангҳои гилдор монанд аст. Гнейс дар натиҷаи метаморфизми ҷинсҳои кӯҳии аввалия ба вуҷуд омада, ба парагнейсҳо ва ортогнейсҳо ҷудо мешавад. Парагнейсҳо дар натиҷаи метаморфизми амиқи ҷинсҳои кӯҳии таҳшинӣ ва ортогнейсҳо дар натиҷаи метаморфизми амиқи ҷинсҳои кӯҳии магмавӣ, асосан вулканӣ, пайдо мешаванд. Гнейс мисли санги хоро яке аз паҳнгаштатарин ҷинсҳои кӯҳии қишри замин мебошад. Он қисми зиёди қабати гранитӣ-метаморфии қишри заминро ташкил дода, дар сипарҳои кристаллии токембрий (Балтика, Украина, Канада, Алдан) дар рӯи замин намоён мешавад. Онҳо инчунин таҳкурсии платформаҳои қадимро (мас., платформаи Сибир) ташкил медиҳанд. Дар ҳудуди Тоҷикистон гнейси таркиби минералогӣ ва кимёиаш ҳархела дар мавзеъҳое, ки ҷинсҳои метаморфии токембрий рушд ёфтаанд, паҳн шудааст: блоки токембрийи Ғарм (Тиён-Шони Ҷанубӣ), Курговад, Музкӯл. Гнейс ҳамчун санги ороишӣ дар сохтмон васеъ истифода бурда мешавад.