Jump to content

Гундишопур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Гундишопур
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 271
Баландии марказ 91 м[1]
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Гунди Шопур — шаҳр, ёдгории таърихии замони Сосониён.

Гундишопур ҳамчун урдугоҳи бузурги низомӣ ҷиҳати ни­гоҳ дош­тани тақр. ҳафтод ҳазор асир, бо супориши шо­ҳан­шоҳ Шо­пури I (ҳукмронӣ 241—272) бар рӯи вай­ронаҳои шаҳри Ҷан­то Шопур («Боғҳои зебо») бунёд ёфт. Бунёди Гундишопур бо ёрии асирони румӣ хотима ёфт. Тарҳи сохтмони Гундишопур аз рӯи нақшаи шаҳри Антиохия бо кӯчаҳо ва хиёбонҳои амудӣ монанди тахтаи шатранҷ ба ҳам пайваста, бузург ва зебо сохта шуд. Дар муддати кӯтоҳ Гундишопур рав­нақ ёфта, ба маркази музофоти Хузистон табдил ёфт. Сайёҳи араб Ибни Ҳавқал Гундишопурро шаҳре фарознеъмат, бузург, дорои нахлистонҳо, кишт­зор­ҳо ва обҳои фаровон тасвир кардааст, ки баъдан ба қа­рор­гоҳи Яъқуби Лайс табдил ёфт.

Гундишопур аз чанд ҷиҳат аҳам­мият дошт:

  • Аз сабаби мавқеи мусоиди табиӣ кишти найшакар дар атрофи он ривоҷ дошт.
  • Шаҳр маркази полоиш ва коркарди най­шакар, коргоҳҳои бофандагӣ, бахусус пор­ча­ҳои абре­ши­мӣ буд.
  • Мавҷудияти Донишгои Гундишопур дар он.

Дар паҳлуи донишкадаи пизишкии Академияи Гундишопур бемористони бузург таъсис шуда буд, ки дар он зимни омӯзиши донишҷӯён беморонро низ табобат мекарданд. Авҷи ободонии Гундишопур ба аҳди Анӯ­шервони Одил (ҳукмронӣ 531—578) рост меомад, ки муас­сисаҳои илмию табобатии он эътибори бештар пайдо карданд. Дар ин давра ҳафт тан аз файласуфони мухолифи императори Руми Шарқӣ Юстиниан (ҳукмронӣ 527—565) ибтидо ба пойтахти Сосониён шаҳри Тайсафун (Ма­доин) ва баъдан ба шаҳри Гундишопур омаданд. Ҳамчунин ҳа­кимон, донишмандон ва пизишкон аз Ҳинд дар Гундишопур сокин шуданд. Гундишопур аз тарафи лашкари сар-кардаи араб Зар ибни Абдуллоҳ муҳосира шуд, вале ӯ натавонист шаҳрро тасарруф кунад. Бо вуҷуди мадади лашкаркаши дигари араб — Абусира кӯшишҳои дигари Зар ибни Абдуллоҳ барои ишғоли Гундишопур ба ҳадар рафт. Баъдан ба таври но­гаҳонӣ кушода шудани дарвозаҳои шаҳри Гундишопур арабҳоро ба тааҷҷуб овард. Саранҷом ошкор шуд, ки як сокини маҳал­лии асирафтода дар миёни сипоҳиёни араб худсарона амонномае навишта, бо тире ба сӯи шаҳр афкандааст. Ин амонномаро аввал арабҳо қабул накарданд, вале баъдан онро пазируфтанд ва шаҳр бе хунрезӣ ба дасти онҳо гузашт. Давраи тараққиёти шаҳри Гундишопур ҳаштсад-нуҳ­сад сол давом кард, вале тадриҷан дар асрҳои 11-12 ба харобазор табдил ёфт. Сабаби асосии таназзули шаҳр аз пароканда шудани Академияи Гун­ди Шопур ва баъдан дар асрҳои 8‒9 тарақ­қӣ кардани шаҳри Бағдод, таъсис ёфтани маркази илмию таълимии «Байту-л-ҳик­ма» буд. Ха­ро­баҳои барҷомондаи шаҳри азим ва зебои Гундишопур имрӯз дар канори деҳаи Шоҳобод (Исломобод), дар 18 км ҷа­ну­бу шарқии шаҳри Дизфули устони Хузистон ба чашм мерасанд. Яке аз ёдгориҳои боқимондаи шаҳри Гундишопур мақбараи Яъқуби Лайси Саффорӣ мебошад.

  1. GeoNames (ингл.) — 2005.