Донишгоҳи Гундишопур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Донишгоҳи Гундишопур

Донишгоҳи Гундишопур — мактаби тиббӣ, гаҳвораи тибби илмии форсу тоҷик, ки дар нимаи асри VI — нимаи асри VII дар давлати Сосониён бунёд гардидааст. Асосгузори донишгоҳ шоҳаншоҳии форсизабони сулолаи олӣ Сосон Шопури I (с. 242272) мебошад.

Таърихи донишгоҳ[вироиш]

Донишгоҳи Гундишопур, мактаби тиббӣ, гаҳвораи тибби илмии форсу тоҷик. Академияҳои 3 — 7 дар Гундишопур фаъолият дошт. Бо дастури Шопури I (писари асосгузори сулолаи Сосониён Ардашер) бунёд ёфта буд. Пештоқи дарвозаи шаҳрро навиштаҷоти «Донишу хирад аз шамшер зӯртар аст» оро медод. Устодони Академияи Гундишопур асарҳои табибони Юнону Ҳиндро ба забони паҳлавӣ (забони давлатии сосониён) тарҷума мекарданд. Онҳо аз обрӯю эътибор ва имтиёзҳои зиёд бархурдор буданд. Нағз донистани анатомияи одам, холисона иҷро кардани вазифа, хондани китобҳои зарурӣ, маълумоти кофӣ доштан оид ба гиёҳҳои шифобахш, истифода карда тавонистани асбобу олоти ҷарроҳӣ, саривақт кумак расондан ба бемор, беғаразӣ дар кори табобат, роҳ надодан ба молу сарватпарастӣ, ғамхорӣ ва хушмуомилагӣ нисбати беморон ва ғайра аз ҷумлаи талаботи асосӣ нисбат ба устодони донишгоҳ маҳсуб мешуданд. Академияи Гундишопур дар як муддати кӯтоҳ ба авҷи рушду камолот расид. Бисёр олимон аз академияҳои машҳури Афина ва Искандария барои кор ба Академияи Гундишопур омаданд. Дар он ҷо табибони юнонӣ, суриёнӣ, ҳиндӣ ва форсӣ аҳлона фаъолият доштанд. Устодони донишгоҳ дар баробари андешидани тадбирҳои муолиҷавӣ ва пешгирии бемориҳо ба фаъолияти илмию омӯзгорӣ, тарҷумаи китобҳо, таҳияи маҷмӯаҳои қомусӣ ва ғайра машғул мешуданд. Дар Академияи Гундишопур раванди таълим аз бахшҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар заминаи бемористони худи академия сурат мегирифт. Дар барномаи таълими донишгоҳ ғайр аз омӯзиши фанҳои тиббӣ ҳамчунин омӯзиши забону адабиёт, таърих, илми нуҷум, санъати сухан, фалсафа ва ғайра пешбинӣ шуда буд. Донишҷӯён ба забонҳои паҳлавӣ ва юнонӣ таҳсил мекарданд. Савияи донишу малакаи онҳо бевосита дар назди бистари бемор санҷида мешуд. Ба донишгоҳ фақат ҷавононе қабул мегаштанд, ки ҳафт ҷузъи муҳими илм (сарфу наҳв, ҳандаса, ҳисоб, нуҷум, диалектика, илми маонӣ ва баён, мусиқӣ)-ро омӯхта, дар ин бобат дониши кофӣ дошта бошанд.

Академияи Гундишопур китобхонаи бузурге дошт, ки дар 250 бино ҷой гирифта буд. Сардухтури бемористон ҳамзамон вазифаи роҳбари донишгоҳро низ иҷро менамуд. Ба қавли муаррихон аввалин сарвари донишгоҳ Бухтишӯъ будааст. Дар Академияи Гундишопур ҷамъомадҳои илмӣ барпо мешуданд. Масалан, соли 561 ҷаласаи якуми олимони тиб баргузор гашт, ки дар кори он аз ҳамаи донишгоҳҳои кишварҳои ҳамҷавор табибон ширкат варзиданд. Ҷаласаро табиби дарбори Хусрави I Ҷибраил Дурустабд (намояндаи сулолаи Бухтишӯъ) сарварӣ кард. Дар ҳайати Академияи Гундишопур ғайр аз донишкадаи асосии тиббӣ, ҳамчунин шӯъбаҳои дигар ҳам вуҷуд доштанд, ки файласуфу риёзидон, адибу мунаҷҷим ва ғайра тайёр менамуданд.

Саҳми устодони Академияи Гундишопур хусусан дар таҳқиқу омӯзиши Авесто назаррас буд. Онҳо тибби Авесторо бо илми тибби юнонӣ, ҳиндӣ, тибетӣ наздик сохта, онро аз маҳдудияти динӣ раҳо карданд. Тарзу усулҳои ҷадиди муолиҷа, ки табибони Академияи Гундишопур пешниҳод намудаанд, дар он давр аз беҳтаринҳо маҳсуб мешуд. Устодони донишгоҳ доир ба муолиҷаи бемориҳо дастурҳои гуногун таълиф карда, ба забони паҳлавӣ рисолаҳо менавиштанд. Дар донишгоҳ таҳияву истифодаи доруҳои нав, хоса давоҳои наботӣ ривоҷ ёфт; мутахассисон дар кори табобат аз омехтаҳои тилло, нуқра, мис, оҳан ва пайвастҳои хлору сулфатдор истифода мекарданд.

Академияи Гундишопур зиёда аз 300 сол арзи ҳастӣ кард. Он баъди истилои арабҳо рӯ ба таназзул овард. Китобхона, бозёфтҳои илмӣ ва бархе аз олимони донишгоҳ ба пойтахти хилофати аббосиён — шаҳри Бағдод интиқол дода шуданд. Дар Академияи Гундишопур бисёр олимони намоён кору фаъолият доштанд, ки номи баъзе аз онҳо то замони мо расидааст: Бухтишӯи I (нахустин сарвари донишгоҳ), Бухтишӯи II (вафот 801), Барзуя, Ибни Муқаффаъ, Муҳаммад ал-Ҳарис ибни Калида, Теодорус (табиби насронӣ, ки дар дарбори Шопур хидмат мекард), Собур ибни Саҳл, Саҳорбухт, Мусавейҳ, Абузакариё ибни Мусавейҳ ва ғайра Аз нигоҳи таърихӣ Академияи Гундишопур нахустин донишгоҳи тиббии ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Нигаред[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]