Европа (радиф)
Европа (юн.-қад. Ἐυρώπη), или Юпитер II — яке аз чаҳор радифҳои Галилейи Муштарӣ аст, ки соли 1610 Галилео Галилей бо телескоп-рефрактори сохтааш мушоҳида намудаст[1] ва Симон Марий ба шарафи шоҳдухтари афсонавӣ Европа ном гузоштааст.
Радиуси он 1560 км, нимтири калони мадор 671100 км, массааш 4,80•1022 кг, зичии миёна 3,014 г/см³ ва албедои геометриаш ба 0,67 баробар аст. Ҳаракати синхронӣ дорад ва ҳамеша як самташ ба Муштарӣ нигарон аст. Европа таркибан ба сайёраҳои заминмонанд шабоҳат дорад. Қабати сатҳии он аз об (≈100 км) ва яхи ғафсиаш 10 - 30 км иборат аст. Поён аз он ҷинсҳои кӯҳӣ ва дар қаъраш ҳастаи филизии хурд ҷойгир мебошад. Миқдори ками танӯраҳо ва тарқишҳои сатҳ далолат медиҳад, ки пӯстлохи он нисбатан ҷавон ва тағйироти зиёдро дидааст. Дастгоҳи кайҳонии «Галилео» мавҷудияти майдони магнитии онро ба қайд гирифт. Дар сатҳи Европа тарқишҳои зиёд ва гуногунандозаи ях ва ҳам баландиҳои то садҳо метр мавҷуд аст, ки далели фаъол будани радиф мебошад. Ҳарорати сатҳаш аз –160 то –220°С аст. Дар зери таъсири мадди Муштарӣ ва фишори дохилӣ қабати яхи сатҳ ҳамеша фаъол мебошад. Қабати тунуки атмосфераи Европа аз оксиген иборат аст, ки дар натиҷаи диссипатсияи ҳидрогени буғи об боқӣ мондааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Planet and Satellite Names and Discoverers(англ.). USGS. 26 августи 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 24 Январ 2012.
Радифҳои Галилей | |||
Ио | Европа | Ганимед | Каллисто |
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |