Жюл Габриэл Верн
фр. Jules Verne[1] | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | фр. Jules Gabriel Verne[1] |
Таърихи таваллуд: | 8 феврал 1828[2][3][4][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 24 март 1905[3][4][5][…] (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | румоннавис, намоишноманавис, шоир, нависандаи кӯдакон, нависанда, нависандаи достонҳои илмию тахайюлӣ, эсперантист |
Солҳои эҷод: | 1850 — 1905 |
Жанр: | илмӣ-тахайюлӣ, Театр, румони моҷароҷӯӣ[d], фантастика[d], шеър, popular science literature[d] ва merveilleux scientifique[d] |
Забони осор: | фаронсавӣ[9] ва Забони эсперанто |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: | |
Осор дар Викитека | |
Парвандаҳо дар Викианбор | |
Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард |
Жюл Габриэ́л Верн (фр. Jules Gabriel Verne; 8 феврал 1828[2][3][4][…], Нант[d], Metropolitan France[d][6][7] — 24 март 1905[3][4][5][…], Амйен[d][6][7]) — нависандаи фаронсавӣ, классик яке аз асосгузорони жанри илмӣ тахайюлӣ. Узви Анҷумани ҷуғрофиёи Фаронса. Мувофиқи маълумоти ЮНЕСКО теъдоди асарҳои тарҷумашудаи Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм меистанд[10].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Сорбонна таҳсил кардааст (1847-51). Таҳти таъсири инқилоби соли 1848 (дар Фаронса) ҷонибдори ҷумҳурихоҳон шуда, ба назарияи сотсиализм таваҷҷуҳ зоҳир кард. Солҳои 1852-54 дар Театри лирика котиб буд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳамин давра бо нависандаи машҳури фаронсавӣ А. Дюма (падар) шинос мешавад. Ба корӣ эҷодӣ соли 1843 шурӯъ карда, водевил, мазҳака, либретто барои операҳои мазҳакавӣ менавишт, ки аз ҷиҳати бадеият чандон арзише надоштанд, вале ҳикояҳо, очерку мақолаҳояш дар мавзӯи табиатшиносӣ ҷуғрофия ва повес таш «Зимистонгузаронӣ дар рӯйи яхпора» (1855) таваҷҷуҳи хонандагонро бештар ҷалб мекарданд. Баъди нашри нахустроманаш — «Панҷ ҳафта дар кураи ҳавоӣ» (1863) Верн ба таълифи силсилаи бузурги «Саргузаштҳои ғайриодӣ» сар карда, дар тӯли 40 сол соле як ё ду роман, аз қабили «Саёҳат ба маркази Замин» (1864), «Аз Замин ба Моҳ» (1865), «Саёҳат ва саргузаштҳои капитан Гаттерас» (1866), «Бачаҳои капитан Грант» (1867-68), «Дар атрофи Моҳ» (1869) ва ғ. навишта, ба табъ расондааст. Солҳои 80 садаи XIX ба таълифи асарҳое рӯй овард, ки дар онҳо масъалаҳои ҷиддӣ матраҳ гардидаанд (романҳои «Робур-истилогар», 1886; «Ҳукмрони ҷаҳон», 1904). Верн чунин мепиндошт, ки илму техника пеш рафтаанд, вале иҷтимоиёти ҷомеа дар сатҳи паст қарор дорад. Дастовардҳои илму техникаро набояд ҷиноятпешагон ва бадкирдорон соҳибӣ кунанд (романҳои «Ҷазираи шинокунанда», 1895; «Саргузаштҳои ғайриодии экспедитсияи Барсак», пас аз фавти Верн соли 1914 ба табъ расидааст). Ҳамин тариқ, ба қалами Верн 100 роман тааллуқ дорад, ки аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа саргузаштӣ-тахайюлӣ ва илмӣ-техникӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти ЮНЕС КО теъдоди асарҳои тарҷумашудаи Верн баъди асарҳои Агата Кристи аз рӯйи шумора дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм меистанд, ки ба 148 забони дунё, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ, тарҷума шудаанд («Бачаҳои капитан Грант», 1939). Верн дар романи «Кладиус Бомбарнак» (1893) оид ба тоҷикон маълумот додааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France Record #11928016k // BnF catalogue général (фр.) — Paris: BnF.
- ↑ 2.0 2.1 база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Evans A. B. Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 4.2 4.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
- ↑ 5.0 5.1 Internet Speculative Fiction Database (ингл.) — 1995.
- ↑ 6.0 6.1 6.2 6.3 Наркевич А. Ю. Верн Жюль // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1971. — Т. 4 : Брасос — Веш. — С. 536.
- ↑ 7.0 7.1 7.2 7.3 Archivio Storico Ricordi — 1808.
- ↑ http://web.archive.org/web/20170323110357/http://jeugdliteratuur.org/auteurs/jules-verne
- ↑ CONOR.Sl
- ↑ Index Translationum: UNESCO Culture Sector
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Верн Жул Габриел // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 8 феврал
- Зодагони соли 1828
- Зодагони Фаронса
- Даргузаштагони 24 март
- Даргузаштагони соли 1905
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Нависандагон аз рӯи алифбо
- Нависандаҳои фаронсавии садаи XX
- Драматургҳои фаронсавии садаи XX
- Ҷуғрофиёдонони садаи XX