Jump to content

Занбӯрпарварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Занбӯрпарварӣ - Асал, гард, прополис, шири модарзан бӯр ва заҳри занбӯри асал аз маҳсулоти серталаби ғизоӣ ва воситаҳои беҳтарини табобатӣ мебошанд.

Дар ҳудуди ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба занбурпарварӣ баъд аз таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон шурӯъ намудаанд. Зарурати занбурпарварӣ ва истеҳсоли асал дар шароити иқлими кишвари куҳсор ва табиати бой имконият фароҳам меовард, ки ин намуди истеҳсолот инкишоф ёбад. Зарурати соҳаро ба эътибор гирифта, соли 2006 бо пешниҳоди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи воҳиди давлатии «Асали Тоҷикистон» таъсис дода шуд ва ҳамзамон «Барномаи барқарорсозӣ ва рушди минбаъдаи соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006—2010» ба тасвиб расид. Минбаъд дар радифи идҳои харбузаву зардолу гузаронидани «Иди асал» ҳам ба ҳукми анъана даромад.

Соҳаи занбӯрпарварӣ соҳаи сердаромад баҳисоб рафта тибқи маълумотҳои оморӣ ба ҳолати 01.01.2024 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 266,7 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш ёфта, дар ин давра 4697 тонна асал истеҳсол карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта миқдори оилаҳои занбӯри асал 2,8 ҳазор оила ва истеҳсоли асал 132 тонна зиёд мебошад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Рушди соҳаи занбӯри асалпарварӣ дар соли 2023(тоҷ.). instchorvodori.tj (2023). 24 май 2024 санҷида шуд.