Jump to content

Ибни Шотир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ибни Шотир
Таърихи таваллуд 1304
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1375
Фазои илмӣ ахтаршиносӣ

Алоуддин Абулҳасан Алӣ ибни Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Мутъими Ансорӣ (ар. أبو الحسن علاء‌الدين بن علي بن إبراهيم بن محمد بن المطعم الأنصاري‎) маъруф ба Ибни Шотир (ар. ابن الشاطر‎; 1304, Димишқ, Салтанати Мамолик[d]1375) — ахтаршинос ва риёзидони араби сурияӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯ, ки худ аз мардуми Шом буд, нуҷум ва риёзиётро дар шаҳрҳои Қоҳира ва Искандария омӯхт ва чанд абзору дастгоҳи расадӣ ихтироъ кард. Ибни Шотирро бартарин ситорашиноси мусулмони қарни ҳаштум ва раиси муваққитон (таъйинкунандагон авқоти шаръӣ)-и масҷиди Уммавии Димишқ медонанд. Бархе аз устурлобҳо, соатҳои офтобӣ ва рубъҳои нуҷумии сохтаи ӯ дар ҳавза ҳунарҳои исломии Қоҳира ва Китобхонаи миллии Париж нигаҳдорӣ мешаванд. Ибни Шотир ҳамчунин бо истифода аз тобеъҳои куравии нуҷумӣ ҷадвалҳоеро барои таъйини вақти намоз сомондиҳӣ кард. Бархе аз муҳимтарин китобҳои ӯ иборат анд аз: «Зиҷи Шотир», «Таълиқу-л-л-арсод», «Рисола фӣ истихроҷи-л-лтаърих», «Рисолату-л-устурлоб», «Ламъаи Ибни Шотир», «Рисола фӣ рубъи-л-алоӣ» ва «Рисола фӣ ҳайати-л-ҷадида».