Идеологияи сиёсӣ
Идеологияи сиёсӣ – ақидаи муайяне, ки даъво ва ё талаби ин ё он гурӯҳро ба ҳукумат (ва ё истифодаи он) ҳақ мешуморад ва ба ин мақсад кӯшиш мекунад, ки афкори оммавиро тобеи ғояҳои худ гардонад. Идеологияи сиёсӣ ҳамчун рангорангии маърифати иттиҳодиявии инъикоскунандаи нуқтаи назари гурӯҳҳои хос ба ҷараёни рушди сиёсиву иҷтимоӣ як навъ муносибати ғосибӣ дорад. Идеологияи сиёсӣ аз рӯйи афзалият аслиҳаи рӯҳии баргузидаҳо маҳсуб меёбад. Сатҳи ҷолибсозии ғоявии манфиатҳои ин ё он гурӯҳ маҳз ба усули рафтори баргузидаҳо вобаста аст.
Вазифаҳои асосии идеологияи сиёсӣ инҳоянд:
- ба даст даровардани маърифати иҷтимоӣ;
- дар он ворид намудани меъёрҳои арзишҳои гузашта, имрӯза ва оянда; * вобаста ба мақсад ва пешрафтҳои сиёсӣ дар чашми мардум ба вуҷуд овардани образи мусбат.
Аз ин рӯ, Идеологияи сиёсӣ на танҳо мақсад ва ғояҳои худро пахш ва тарғиб мекунад, балки барои мақсаднок самт бахшидани амали шаҳрвандон ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои ба миён гузошташуда мекӯшад.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 94 - 95. ISBN 978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |