Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон (2020)
Интихоботи порлумонӣ дар Қирғизистон (2020) |
---|
Интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон 2020 - интихоботи навбатӣ ба Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад, ки 4 октябр баргузор шуд. 6 октябри соли 2020, дар байни эътирозҳо, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон натиҷаҳои овоздиҳиро беэътибор кард[1][2].
Иштирокчиён
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои иштирок дар интихобот Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Қирғизистон аз 220 ҳизби сиёсии дар ҷумҳурӣ расман сабти номшуда танҳо 16-тоашро иҷозат дод. Маҳз 16 ҳизб тамоми талаботро барои иштироки пурра дар ин интихобот иҷро карданд.
Натоиҷи пешакӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]То соати 6-и бегоҳи 5 октябр (98,14% тасрибномаҳо коркард шуданд), натоиҷи пешакӣ чунинанд:
Ҳизб | Овозҳо | % | Ҷой | +/- |
---|---|---|---|---|
«Биримдик» | 487 685 | 24,90 | 46 | Нав |
«Мекеним Қирғизистон» | 475 372 | 24,27 | 45 | Нав |
«Қирғизистон» | 174 317 | 8,90 | 16 | ▼2 |
«Бутун Қирғизистон» | 141 940 | 7,25 | 13 | ▲13 |
«Мекенчил» | 136 276 | 6,96 | 0 | Нав |
«Республика» | 115 288 | 5,89 | 0 | 0 |
Ҳизби сотсиалистии «Ата-Мекен» | 80 279 | 4,10 | 0 | ▼11 |
«Ыйман Нуру» | 66 747 | 3,41 | 0 | Нав |
«Бир Бол» | 60 305 | 3,08 | 0 | ▼12 |
«Чон казат» | 46 568 | 2,38 | 0 | Нав |
«Замандаш» | 42 862 | 2,19 | 0 | 0 |
«Сотсиал-демократ» | 42 460 | 2,17 | 0 | Нав |
«Реформа» | 32 795 | 1,67 | 0 | Нав |
«Мекен Ынтымагы» | 12 468 | 0,64 | 0 | Нав |
«Ордо» | 4395 | 0,22 | 0 | Нав |
«Ҳизби иштирокчии ҷанг-афғонҳо» | 3459 | 0,18 | 0 | Нав |
Муқобили ҳама | 35 714 | 1,82 | — | — |
Ҷамъ | 1 958 930 | 100 | 120 | — |
Аксуламал
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарҳол пас аз эълони натиҷаҳои пешакии интихобот, ҳамаи ҳизбҳои оппозисиюн, ки ба порлумон ворид нашуданд, ба ташкили митингҳо дар саросари кишвар, ба хусус дар Бишкек шурӯъ карданд ва даҳҳо ҳазор ҷонибдорони онҳо ба хиёбонҳо баромаданд. Дар ҳоли ҳозир, нооромӣ дар кишвар идома дорад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои саркӯбии онҳо кор мебаранд. Якчанд даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд. Президент дар бораи кӯшиши ба даст овардани қудрат дар кишвар эълон кард[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ ЦИК Киргизии признал прошедшие парламентские выборы недействительными, ТАСС (6 октябри 2020). Проверено 6 октябри 2020.
- ↑ ЦИК признала недействительными итоги голосования на выборах, shailoo.gov.kg (6 октябри 2020). Проверено 6 октябри 2020.
- ↑ https://www.interfax.ru/world/730152