Jump to content

Калом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Калом (ар. كلام‎), илми калом — ҷараёни динию фалсафии афкори идеологии асрҳои миёнаи халқҳои Шарқи Наздику Миёна, ки асоси фалсафаи ислом буд.

Пайравони каломро муктукаллим меномиданд. Муҳаммади Шаҳристонӣ дар «Ал-милал в-ан-ниҳал» ду маъно (этимология)-и калом-ро нишон додааст: 1) «Зоҳиртарин масъалае, ки (мутакаллимон) сухан бар сари он гуфтаанд, сухан бувад дар каломи ҳақ (яъне Қуръон), ки оё қадим аст ё ҳодис», 2) «ё аз он ҷиҳат, ки (онҳо) бо фалсафа муқобила кардаанд ва эшон фанне аз фунуни илми хеш мантиқ ном карданд ва (азбаски) мантиқу калом ду лафзи мутақорибанд дар маънӣ, эшон ин илмро калом ном карданд» (саҳ. 46).

Калом дар асри 8 ба вуҷуд омадааст. Дар ин аср ислом хеле паҳн шуда, халқҳои гуногунэътиқодро ба итоати худ даровард. Дар дохили ислом фирқаю мазҳабҳои бисёри мухолиф (оппозитсионӣ) пайдо шуданд; баҳсу мунозираи онҳо имони аҳли суннатро ба ислом суст мекарданд. Интишори афкори фалсафаи юнонӣ низ боиси сустшавии эътиқоди мусулмонон мешуд. Дар чунин вазъияти муборизаи ғоявӣ бо тақозои муқовимати зидди бидъати мазҳабҳои мухталиф калом ба вуҷуд омад. «Пайдоиши илми каломи исломӣ натиҷаи талоше буд барои дифоъ аз усули ақоиди исломӣ дар баробари ҳамлаҳои пайравони адёни дигар ва билхосса масеҳиён, ки бо ҳарбаи мантиқи юнонӣ худро мусаллаҳ карда буданд» (Сайид Ҳусайн Наср. Илм ва тамаддун дар ислом. Теҳрон, 1972, саҳ. 334).

Мавзӯи баҳси калом ҳамчун илоҳиёти ислом зоту сифатҳои Худо, офариниши одам, нубувват ва ҷазою сазои охират мебошад.

Калом дар се марҳила ташаккул ёфтааст. Дар марҳилаи аввал калом бо номи муътазилия маълум буд. Дар марҳилаи дуюм калом-и ашъарӣ ва мотридӣ ба вуҷуд омад, ки ҳар ду ҳам каломи суннӣ буда, ба он дар ибтидои асри 10 Абулҳасан Алӣ ибни Исмоили Ашъарӣ (нигар Ашъарӣ) ва Абумансур Муҳаммад ибни Маҳмуди Мотридӣ (нигар Мотридӣ) асос гузоштанд. Маъруфтарин пайравони каломи суннӣ Абубакри Боқилонӣ, Исфароинӣ, Абдулмалики Ҷувайнӣ, мулаққаб ба Имом-ул-Ҳарамайн, Қушайрӣ буданд. Вазифаи каломи суннӣ бо далелҳои мавҳуми ақлӣ ва соф мантиқию шаклӣ исбот ва муҳофизат кардани ақоиди динӣ буд. Мутакаллимон «ақоиди аҳли суннатро аз рахнаву дастандозии аҳли бидъат ҳифз намуда» (Муҳаммади Ғазолӣ), мекӯшиданд, ки «бидъатҳо аз миён биравад ва анвои шакку шубҳаҳо аз ин ақоид зоил гардад» (Ибни Халдун).

Калом дар марҳилаи сеюми инкишофи худ бо фалсафа омехта, ғайр аз муҳокимаи масъалаҳои ихтисосӣ ба ҳалли мушкилоти онтологию гносеологӣ машғул шуд ва рақиби фалсафа гардид. Ин корро Муҳаммади Ғазолӣ сар кард ва баъд Шаҳристонӣ, Фаридуддини Балхӣ, Фахруддини Розӣ, Иззуддини Иҷӣ, Тафтозонӣ равияи ӯро давом доданд.

Қоидаҳои асосии калом зотан ба машшоия мухолифанд. Дар маркази онтологияи калом масъалаи офариниши олам меистад. Мутакаллимон баръакси машшоия, ки оламро қадим ва маоди ҷисмониро ғайриимкон мешумурданд, офариниши олам ва маоди ҷисмониро эътироф мекарданд. Дар асоси ин таълимоти динӣ мутакаллимон робитаи зарурӣ (сабабият) ва қонунияти табииро инкор мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки ҳодисаҳои олам тобеи сабабият ва қонунияти табиӣ нестанд. Қудрат ва ихтиёри озоди Офаридгор рафти ҳодисаҳоро ҳамеша ва бевосита тағйир дода метавонад. Пас, инсон низ дар амалиёти худ фаъол ва соҳибихтиёр нест. Вай иҷрокунандаи амри Илоҳист, ки он ҳамчун тақдири ӯ муайян шудааст. Ақли инсон барои маърифати муътамад ва саҳеҳ оҷиз аст. Инак, агар машшоия ба маърифати олам эътимоди комил дошта, ратсионализмро тарғиб кунанд, мутакаллимон баръакси онҳо дар гнесеология ба мавқеи скептитсизм ва агноститсизм мегузаранд. Машшоия маълумоти ҳиссиётро ҳамчун зинаи аввали маърифат ба асос мегирад, мутакаллимон баръакс нақши ҳиссиётро паст мезананд ё тамоман инкор мекунанд. Машшоия қадим будани оламро дар асоси қадимияти модда исбот мекарданд, аммо мутакаллимон, ки ба офариниши олам иқрор буданд, таълимоти моддаю суратро написандида, атомизми идеалистии пифагорро маъқул донистанд. Машшоия вуҷуди халоро ғайриимкон мешумурданд, вале мутакаллимон мункири мавҷудияти он набуданд. Машшоия мегуфтанд, ки замон мавҷуд аст, мутакаллимон бошанд, объективияти замонро эътироф намекарданд.

Дар натиҷаи мунтазам ба фалсафаи машоия фишор овардани калом вай истиқлоли худро тадриҷан гум карда, оқибат дар асрҳои 13-16 қариб тамоман аз миён рафт ва калом ҳамчун фалсафаи ҳақиқии ислом шинохта шуд.

Калом ҳоло ҳам дар мамлакатҳои мусулмонӣ нуфузу эътибор дорад. Мавзуоте ки дар гузашта дар илми калом матраҳ буданд имрӯза ба номи "илми каломи қадим" дарбаробари «илми каломи ҷадид» омӯхта мешаванд. Вазифаю нақши «илми каломи ҷадид»-ро бо нақшу вазифаҳои неотомизм муқоиса кардан мумкин аст. Он ҳам мисли неотомизм ҷаҳонбинии диниро тарғиб мекунад, ба муқобили материализми диалектикӣ «ба силоҳҳои навин» (Сайид Аҳмад Сафоӣ) мубориза мебарад, комёбиҳои илмро ҳамсӯ бо таълимоти дин эзоҳ дода, бо бурҳон зид набудани илм бо динро исбот мекунад.

Григорян С. Н. Из истории философии Средней Азии и Иран VII—XV вв. М., 1960; Петрушевский И. П. Ислам в Иран в VII—XII вв. Л., 1966; Осимӣ М. Пайдоиш ва ташаккули тафаккури фалсафӣ. Д., 1970 سیداحمد صفاﺋﯽ. علم کلام. تهران، ١٩٥٤؛ شبلئ نممانی. علم کلام جدید. تهران،١٩٥٤؛ همان. تاریخ علم کلام. تهران،١٩٦٠