Ливотат
Ливотат (ар. لواطة — анҷом додани амали қавми Лут), ливот — робитаи ҷинсӣ миёни ду мард, ворид шудани андоми таносулии мард ба андозаи хатнагоҳ ё бештар дар дубур (пушт)-и марди дигар.
Аввалин қавме, ки ба ин амали нангин рӯй овард ва мавриди ғазаби Худованд қарор гирифт, қавми Лут буд. Қуръон дар чандин сура (аз ҷумла, 4:16; 26, 165—166; 70, 80-81;) аз афъоли зишти қавми Лут ва оқибати шуми он ёдовар шудааст. Иддае аз муфассирон таъбири қуръонии «ва он ду мардро аз шумо, ки ин амалро анҷом медиҳанд» (4:16) фоил ва мафъули ливотат тафсир кардаанд. Ҳадисҳое ҳам дар ин маврид ривоят шудааст. Аз ҷумла, паёмбар (с) сухани зайлро се бор такрор кардааст: «Малъун аст ҳар касе, ки амали қавми Лутро анҷом диҳад». Ҷои дигар гуфт: «Хавфноктарин чизе, ки бар умматам хавф мебарам, амали қавми Лут аст». Тибқи ҳадиси дигар, яке аз касоне, ки субҳу шомро дар ғазаби Худо сипарӣ мекунанд, муртакиби амали қавми Лут аст.
Шариат ливотатро амали ҳаром, яке аз гуноҳони бузург дониста, барои ин амал уқубати сахт ва ҳукми сангин ҷорӣ кардааст. Дар муқаррар кардани ҳад (ҷазо) барои ливотат байни фуқаҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Аз нигоҳи Абуҳанифа барои ливотат ҳад воҷиб нагашта, балки лутӣ таъзир карда мешавад. Аммо ба қавли шогирдонаш Абуюсуф ва имом Муҳаммад ливотат монанди зино буда, бар ғайримуҳсан шаллоқ задан ва бар муҳсан сангсор кардан воҷиб мегардад. Назди ҳанафия ҳукми шаръӣ барои такроран анҷом додани ливотат қатл аст.
Ливотат аз хатарноктарин инҳирофоти равобити ҷинсӣ дар ҷомеаи башарӣ буда, маншаи бисёре аз бемориҳо, ба хусус бемории СПИД, мегардад. Алҳол дар иддае аз давлатҳо, аз ҷумла, Канада, ИМА, чандин давлати аврупоӣ ва амрикоилотинӣ, ба ҷуфтҳои ҳамҷинс бастани ақди никоҳи расмӣ иҷозат дода шудааст. Ливотат дар 73 кишвари ҷаҳон манъ буда, ҷиноят ба шумор меравад ва барои он ҷазо, аз ҷумла, дар 7 давлат ҳукми қатл, пешбинӣ шудааст. Нигар низ Ҳамҷинсгароӣ.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ливотат / С. Маҳмадуллоҳ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
- Али-заде А. Исламский энциклопедический словарь. М., 2007;
- الموسوعة الفقهية. الجزء الخامس و الثلاثون. الكويت، ١٩٩٥