Маданияти ҳуқуқӣ
Зоҳир
Маданияти ҳуқуқӣ — як намуди маданияти ҷамъиятӣ буда, аз сатҳи шуури ҳуқуқӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳад. Мазмуни онро арзишҳое ташкил медиҳанд, ки дар ҷараёни фаъолияти инсон дар соҳаи ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд. Маданияти ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва шахсӣ аз ҳам фарқ карда мешаванд. Маданияти ҳуқуқии фардӣ сатҳи муқаррарӣ, касбӣ ва илмӣ дорад. Маданияти ҳуқуқии касбӣ бештар насиби ҳукуқшиносон аст. Сатҳи шуури ҳуқуқии ҷамъиятӣ ва фардӣ, қонуният, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқӣ-нишондиҳандаи маданияти ҳуқуқии ҷомеа мебошанд. Маданияти ҳуқуқӣ дар баробари арзишҳои умумиинсонӣ инчунин унсурҳои миллиро низ дар бар мегирад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 268
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |