Мадрасаи Бағдод
Мадрасаи Бағдод — дар шаҳри Бағдод дар соли 148 ҳиҷрии қамарӣ тавассути Абe Ҷаъфар Мансури Давониқӣ бино ниҳода шуд. Мадрасаи Бағдод, мадрасае барои таълими тиб дар он барпо кард ва Ҷарҷис ибни Бахтишуъро аз сипоҳи Шопур фаро хонд ва ёро ба раёсати мадраса мансуб кард ва нависандагони «сурёни»-ро ба тарҷамаи осори юнонӣ ба арабӣ маъмур сохт.
Таърихи фаъолияти илмии мадраса
[вироиш | вироиши манбаъ]Баъд аз он бо падид омадани «Байтул-ҳикмат» тавассути Ҳорун ва Маъмун, ҳаракати илмӣ шитоби зиёдтар ва «Наҳзати тарҷама» шукуфоии бештаре ёфт. [1] Наҳзати тарҷама - ба маънии ҳақиқии ин калима аз авоили хилофати Аббосиён нашъат гирифт, яъне аз замони Мансур оғоз шуда ва беш аз 2 қарн идома ёфтааст. Ин ҷараёнро метавон ба се давара тақсим кард:
1. Аз хилофати Мансур, то поёни даврони Ҳорун Аррашид (136 - 193 ҳиҷрии қамарӣ).
2. Аз хилофаи Маъмун, то соли 300 (198 - 300 ҳиҷрии қамарӣ).
3. Аз қарни 4 ба баъд.
Дар маҷмӯъ бояд гуфт, ки кори тарҷама ва баргардонӣ, пеш аз оғози қарни 3 пешрафти чандоне дида намешавад. Вале дар давраи дувум «Наҳзати тарҷама» ба авҷи шукуфоии худ расид ва бисёри аз осори илмӣ ва фалсафӣ аз забонҳои мухталиф ба тавассуи мутарҷимони моҳиру забардаст ба арабӣ тарҷама шуд. Ва дар давраи савум, ки мусодиф бо қарни 4 ҳиҷрӣ (яъне: 10 мелодӣ) аст.[2]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.ershod.com/images/ershod/05-kitobkhona/01-muassis/02-kitobiyot/pdf/02-ilmi/05-tarikhi-falsafai-islomi-1.pdf Бойгонӣ шудааст 22 июни 2019 сол. Торихи фалсафаи исломӣ. Қисми аввал. Мадрасаи Бағдод. - Хуҷанд, 2018. - С.59
- ↑ http://www.ershod.com/images/ershod/05-kitobkhona/01-muassis/02-kitobiyot/pdf/02-ilmi/05-tarikhi-falsafai-islomi-1.pdf Бойгонӣ шудааст 22 июни 2019 сол. Торихи фалсафаи исломӣ. Қисми аввал. Мадрасаи Бағдод. - Хуҷанд, 2018. - С.59