Мазори Имоми Молики Аждар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Мазори Имоми Молики Аждар - яке аз мавзеи Зиёратгоҳҳои Ҳисор мебошад. Деҳаи Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав зиёратгоҳҳои зиёде дорад. Ин ҷоро бештар «Қадамҷойи Зайнулобиддин» мегӯянд. Яке аз қадамҷойи дигар дар қисмати ҷануби деҳа қарор дорад, ки бо номи Қадамҷойи Молики Аждар маълум аст. Мардум ба зиёрати ин ҷо рӯзҳои чоршанбе меоянд ва бештар занон маросими мушкилкушоро анҷом медиҳанд..[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Юсуф Қодиров, Абдуҳалим Самадов. Зиёратгоҳҳои Ҳисор. - Душанбе: «Ирфон», 2011.

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 256-258