Jump to content

Мирзоазиз Мамадазизов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзоазиз Мамадазизов
Таърихи таваллуд: 1 май 1930(1930-05-01)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 20 май 2006(2006-05-20) (76 сол)
Маҳалли даргузашт:
Касб: ҳунарпешаи театр, коргардони театр
Ҷоизаҳо:

Мирзоазиз Мамадазизов (1 майи 1930, деҳаи Синдев, ноҳияи Роштқалъа, ВАКБ 20 майи 2006, Хоруғ, ВМКБ, Тоҷикистон) — ҳунарпеша ва коргардони театр, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1963), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2000).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти давлатии санъати театрӣ- бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1954 ба поин оварда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба сифати ҳунарпеша ва коргардон кор кардааст, солҳои 1978—1992 саркоргардони он буд. Бо таъсиси дубораи Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Кӯлоб солҳои 70-уми қарни гузашта муддате саркоргардонии онро ба дӯш доштааст. Давоми фаъолияти эҷодиаш дар офариниши нақшҳои драмавӣ, фоҷиавию мазҳакавӣ муваффақ гардидааст. «Чинори гӯё», «Фарҳод дар Норак», «Ситораи умед», «Дил-дили Зайнаб», «Тошбек ва Гулқурбон», «Мо аз Боми Ҷаҳон», «Бой ва хидматгор», «Соати бурҷи Кремл», «Эзоп», «Рустам ва Суҳроб», «Юлиус Фучик», «Ҳакиқати талх» аз ҷумлаи спектаклҳоанд, ки номрафта дар онҳо образҳои асосӣ офарида, як силсила спектаклҳоро ҳамзамон таҳия намудааст.

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.