Муҳандис
Муҳандис (ар. مهندس), инженер (фр. ingénieur ← аз лот. ingenium — маҳорат, эҷодкорӣ) — касест, ки талош мекунад як сохтори амалиётӣ ва амалӣ аз мафҳумеро эҷод кунад ва дар яке аз риштаҳои муҳандисӣ омӯзиш дида бошад ё ба таври ҳирфаӣ дар он ришта машғул ба кор бошад.
Муҳандис мутахасисе мебошад, ки корҳои муҳандисиро иҷро мекунад; тарҳрезӣ, истеҳсол, таъмири техникии равандҳо ва таҷҳизотҳои механикӣ. Муҳандис, коргари ихтисосманд ва кордоне мебошад, ки маълумоти касбии техникӣ дорад ва ба хидматрасонию таъмири техникаю асбобҳо машғул аст. Масалан: муҳандис-механик, муҳандис-тарроҳ ва ғ. Муҳандис аз рӯи қоида ба ҳама равандҳо, сохтҳои техникӣ, ки ба корҳои муҳандисию механикӣ дохил мешаванд, сару кор мегирад; тадқиқотҳо, банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, конструксиясозӣ, коркарди технологияи маснуот, омодасозии хуҷҷатҳои техникӣ, истеҳсол, бакордарорӣ, санҷиш, таъмиру тармим, хидматрасонии техникӣ, назорати сифат ва идораи техникаю таҷҳизотҳои техникӣ. Кори асосии муҳандис аз он иборат аст ки, коркарду навоварӣ карда, ҳалли масъалаҳои мавҷуд будаи муҳандисиро иҷро менамояд.
Навъҳои фаъолияти муҳадисӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- муҳандис-механик
- муҳандис-конструктор;
- муҳандис-барномасоз;
- муҳандис-технолог;
- муҳандис-энергетик;
- муҳандис-сохтмончӣ;
- муҳандис-кимиёгар
- муҳандис-бакор андозанда (эксплуатация);
- муҳандис-тадқиқотчӣ;
- муҳандис-идоракунанда (менеджер);
- муҳандис-иқтисодчӣ (экономист);
- муҳандис-тарроҳ;
- муҳандис-эколог;
- муҳандис-метролог;
- муҳандис-(информационщик); муҳандисе, ки масъалаҳои математикии таъминоти идоракунии системаҳои автоматикиро ҳал мекунад ва ғ.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- [1] Бойгонӣ шудааст 30 сентябри 2020 сол.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1. Квалификационный справочник должностей руководителей, специалистов и других служащих.Утверждено постановлением Минтруда России от 21 августа 1998 г. N 37. Изменения от 21 января, 4 августа 2000 г., 20 апреля 2001 г., 31 мая, 20 июня 2002 г., 28 июля, 12 ноября 2003 г., 25 июля 2005 г., 7 ноября 2006 г., 17 сентября 2007 г., 29 апреля 2008 г.
- 2. Негодаев И. А.Философия техники: учебн. пособие. — Ростов-на-Дону: Центр ДГТУ, 1997. — 562 с.
- 3. Общероссийский классификатор профессий рабочих, должностей служащих и тарифных разрядов ОК-016-94 (ОКПДТР)
- 4. Коробейников В. В., Коробейников А. В. Двадцатый век в биографии инженера: устная история в сопровождении документов. –Научн. изд. –2010. –146 с.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон барои тайёр кардани муҳандисон саҳми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон калон аст.