Мошинсозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маркаи почтаи ИҶШС, соли 1958: Пешсафи саноати шуравӣ
Заводи мошинсозии вазнини Урал (Уралмашзавод)

Мошинсозӣ — маҷмӯи соҳаҳои саноати вазнин мебошад, ки барои хоҷагии халқ мошин, таҷҳизот, дастгоҳ, асбоб, ашёи маданию маишӣ ва инчунин ба мақсадҳои мудофиавӣ яроқу аслиҳа истеҳсол менамояд. Мошинсозӣ асоси моддии аз техника мусаллаҳшавии тамоми хоҷагии халқ ба шумор меравад. Ҳосилнокии меҳнати ҷамъиятӣ, рушди техникӣ, некӯаҳволии моддии халқ ва иқтидори мудофиавии мамлакат аз тараққиёти мошинсозӣ вобастагӣ дорад.

Муҳаррики реактивии ҳавопаймои Boeing 747
Коркарди лоиҳаи корхонаи мошинсозӣ дар роёна

Гурӯҳҳои мошинсозӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мошинсози ба се гурӯҳ ҷудо мешавад:

  • меҳнатнокӣ;
  • металнокӣ;
  • илмнокӣ.

Ин се гурӯҳ дар навбати худ ба зергурӯҳҳои зерини соҳавӣ тақсим мешаванд:

  • мошинсозии вазнин;
  • мошинсозии умумӣ;
  • мошинсозии миёна;
  • мошинсозии дақиқ;
  • истеҳсоли маҳсулоти филизӣ;
  • таъмири мошин ва таҷҳизот.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Мошинсозӣ ҳамчун соҳаи саноат дар асри XVIII ба вуҷуд омада, аввал дар Британияи Кабир, Аврупои Ғарбӣ ва баъдтар дар ИМА инкишоф ёфт. Дар Русия нахустин заводҳои Мошинсозӣ дар асри XVIII сохта шуда, то Инқилоби Октябр суст тараққӣ карда буд. Дар Русияи тоинқилобӣ миқдори ками автомобилу дастгоҳҳои оҳанбуррӣ истеҳсол шуда, мошинҳои ресмолресӣ, асбобҳо, афзорҳо ва дигар мошинҳоро аз хориҷа меоварданд. Дар Ҳокимияти Шӯравӣ саноати мошинсози дар Тоҷикистон хеле рушд кард.

Мошинсозӣ дар Шӯравӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ИҶШС мошинсозӣ, саноати мошинсозии энергетикӣ, электротехника, дастгоҳ ва асбобу анҷомсозӣ, таҷҳизотсозӣ, тракторсозӣ, саноати истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ ва ғайраро низ дар бар мегирифт. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолии мошинсозӣ аз ҷиҳати арзиши фонди истеҳсолии асосӣ ва шумораи коргарон дар ИҶШС дар байни дигар саноатҳо ҷои якумро мегирифт.

Сиёсати индустронии социалист, тараққиёти ҳаматарафаи инкишофёбанда талаботро ба мошин ва таҷҳизот афзун гардонид. Маҳз Мошинсозӣ дар панҷсолаҳои нахустин ва баъдиҷангӣ зуд тараққӣ кард. Мас., агар дар панҷсолаи 1-ум (1929—32) ҳаҷми маҳсулоти умумии саноати СССР 19,2 % афзуда бошад, пас дар ин солҳо ҳаҷми маҳсулоти саноати Мошинсозӣ ва коркарди металл 41,3 %; дар панҷсолаи дуюм (1933—37) таносубан 17,1 % ва 23,1 %, дар 3 соли пешазҷангии ва панҷосолаи 3-юм (1938—40) 13,2 ва 20,7 % афзуд, ҳаҷми маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва коркарди металл соли 1972 нисбат ба 1913 1040 ва нисбат ба 1940 35,1 маротиба афзуд. Соли 1972 маҳсулоти саноати мошинсозӣ ва коркарди металл дар ИҶШС У ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатиро ташкил мекард. Дар ибтидои соли 1973 хоҷагии халқи СССР дорои 4,08 млн дастгоҳҳои металлбуррӣ, 948 ҳазор мошинҳои пресс (мангана), даҳҳо ҳазор комбайн кони ангишту маъданканӣ, боркунӣ, конвейерҳо, электровозу, 119,2 ҳазор экскаватор, 33,7 ҳазор скрепер, 117,5 ҳазор булдозер, 135,7 ҳазор крани ҳаракаткунанда ва ғ. буд. Дар хоҷагии қишлоқ. 2,11 млн трактор, 656 ҳазор комбайни ғалладарав, 1,23 млн мошини боркаш (ба ғайр аз ташкилотҳои байниколхозии ба хоҷагии қишлоқ алоқанадошта), 1,22 млн тухмипошакҳо ва садҳо ҳазор дигар мошин ва воситаҳои техникӣ буд. ИҶШС аз рӯи ҳаҷми маҳсулоти саноати мМошинсозӣ ва коркарди металл дар Аврупо ҷои якум ва дар дунё ҷои дуюмро ишғол мекард (1976).

Мошинсозӣ дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

То Инқилоби Октябр дар ҳудуди Тоҷикистон мошинсозӣ набуд. Якумин заводи мошинсозӣ —артели «Афзолҳои фулузини серистеъмол» (ҳоло заводи «Мошинҳои тиҷоратӣ») соли 1925 дар шаҳри Хуҷанд сохта шуд, ки барои корхонаҳои умумӣ ва савдо таҷҳизоти технологӣ, инчунин асбоби рӯзгор мебаровард. Дуюмин заводи мошинсозӣ заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе мебошад, ки бо қарори КМ ПК Тоҷикистон соли 1930 дар шаҳри Душанбе сохта ба кор андохта шуд. Заводи Орҷоникидзе барои корхонаҳои нефт, газ ва химия қубурҳои чӯянӣ ва пӯлодӣ, дег, муҳаррик ва дигар маҳсулоти қимматбаҳо истеҳсол мекунад, ки қариб ба 40 давлати хориҷӣ бароварда мешаванд. Соҳаи мошинсозии Ҷумҳури ҳоло бештар аз 20 корхонаҳои саноатиро дарбар мегирад. Корхонаҳои мошинсозӣ ва коркарди металли Ҷумҳури зиёда аз 13 соҳа буда, 9,6%-и тамоми маҳсулоти саноатии Ҷумҳуриро медиҳад.

Соҳаҳои асосӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мошинҳо барои корхонаҳои саноати сабуку бофандагӣ, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли мошинҳои нефту газ, электротехника (трансформатор, ноқил ва таҷҳизотҳо), истеҳсоли мошинҳои соҳаи савдо ва хӯроки умумӣ, маҳсулоти серистеъмол (яхдонҳои хонагӣ, ашёҳои армуғонӣ) ва ғ. Дар Тоҷикистон дастгоҳҳои технологӣ барои саноати сабук, мошинҳои хоҷагии қишлоқ барои обёрии заминҳои нав, агрегатҳои гидравликии комбайнӣ ғалладарави «Колос», «Нива», трансформатор, ноқилҳои электрикӣ, плита ва дегҳои гуногун барои корхонаҳои хӯроки умумӣ, яхдон (Помир-2, Помир-4, Помир-5, Помир-6) ва ғ. қариб 20 хели маҳсулоти саноати мошинсозӣ истеҳсол мешавад (1977).

3аводҳои «Гидроагрегат Тоҷикистон»-и Душанбе ва «Мошинҳои хоҷагии қишлоқи Ленинобод» (pайони Нов) ва филиали он дар посёлкаи Маҳрами pайони Конибодом, заводҳои калонтарини Мошинсозии соҳаи хоҷагии қишлоқи республика ба шумор мераванд.

Заводи «Гидроагрегат Тоҷикистон» соле 12 млн сумина асбобу анҷомҳои комбайн, заводи «Мошинҳои хоҷагии қишлоқи Ленинобод» ва филиали он бошад, соле 15 млн сумина мошинҳои чеканкакунӣ, заҳбӯрканӣ, обёрии мошинӣ ва ғ. мебарорад. Дар солҳои панҷсолаи 10-ум ҳаҷми маҳсулоти заводҳои Мошинсозии хоҷагии қишлоқ ду баробар афзуд.

Дар Тоҷикистон 4 заводи электротехникӣ (заводҳои трансформаторсозии Қӯрғонтеппа, кабелсозии Душанбе, «Асбобҳои равшандиҳандаи Исфара» (посёлкаи «КИМ»), «Асбобҳои пастшиддати Адрасмон») мавҷуданд, ки трансформаторҳои баландшиддат, пастшиддат, кабел, симҳои гуногуни телефону телеграф, электрӣ, лампочкаҳои электрии гуногун ва ғ. истеҳсол мекунад.

3аводи «Асбобу дастгоҳҳои сохтмон»-и Регар бо маҳсулоти худ ба сабукгардонидани технологияи кори сохтмони республика ёрӣ карда, инчунин барои заводи мошинҳои пахтачинии шаҳри Тошкент насос мебарорад.

3аводҳои арматурии ба номи Орҷоникидзе, «Аппаратҳои газ»-и Ленинобод заводҳои калонтарини Осиёи Миёна буда, барои тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна таҷҳизоти газ истеҳсол мекунанд. Саноати Мошинсозии республика асосан дар шаҳрҳои Душанбе (50 %). Хуҷанд, Конибодом, Кӯлоб, Бохтар ва ғ. ҷойгир шудааст.

Дар Тоҷикистон бештар аз 15 заводи таъмири мошинҳои хоҷагии қишлоқ мавҷуд буда онҳо қариб ҳамаи намудҳои мошинҳои хоҷагии қишлоқро таъмир карда, ба колхозу совхозҳо ёрии амалӣ мерасонанд. Дар Душанбе заводи махсусгардонидашудаи «Таъмири экскаватор» кор мекунад, ки дорои таҷҳизоти технологии нав, цехҳои рехтагарии пӯлоду чӯян мебошад. Соҳаи Мошинсозӣ республика нисбатан нав буда, босуръати баланд пеш меравад. Дар солаи 9-ум ҳаҷми маҳсулоти Мошинсозӣ 64,5 % зиёд шуд. Дар панҷсолаи 10-ум аз ҳисоби азнавсозӣ ва такмили техникии заводҳои «Ленинободселмаш», «Тоҷикгидроагрегат», «Торгмаш», заводи арматурии ба номи Орҷоникидзе ва ғайра нисбат ба соли 1975 152 % зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти Мошинсозӣ пешбинӣ карда шудааст. Саноати Мошинсозии республика дар панҷсолаҳои минбаъда дар асоси сохтмони заводҳои нави подшипниксозӣ, приборсозӣ ва ғайра пеш меравад. Соли 1980 ҳаҷми истеҳсоли мошинҳои хоҷагии қишлоқ, арматураҳои чӯянӣ барои саноати нефту газ ва химия 2 баробар, таҷҳизоти технологии сонаи дастгоҳсозӣ қариб 3 баробар меафзояд. Пешбинӣ шудааст, ки истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, таҷҳизоти корхонаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, савдо ва ғайра 1,5 баробар зиёд карда шавад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Морозов М. В., Коммунистическая партия Таджикистана в борьбе за создание и развитие машиностроительной промышленности, Д., 1972;
  • Фалилеев М., Талсун Ли, Арматурный завод имени Орджоникидзе, Д., 1973.
  • Каримов Р., Фролов В., Дело в люди «Таджиктекстильмаша», 1974

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]