Неапол
Неапол | |
Napoli | |
Нишон | Парчам} |
Кишвар: | Итолиё |
---|---|
Вилоят: | Неапол |
Ноҳия: | |
Замони таъсис: | |
Марказ: | |
Координатаҳо: | 0°50′00″ N 14°15′00″ E[1] |
Иқлим: | |
Масоҳат (га): | 117 км² |
Паҳноӣ(км): | |
Дарозӣ (км): | |
Аҳолӣ, ҳазор нафар: | 963 357[2] |
Коди телефонӣ: | +39 081 |
Нишонаи почта: | 80100 |
Вақт: | UTC +1 |
Неа́пол (лот. Νεάπολις, аз лот. νέα πόλις маънои аслӣ — шаҳри нав; лот. Neapolis, итол. Napoli) — яке аз шаҳрҳои Итолиё, маркази маъмурии вилояти Кампания ва ноҳияи Неапол (провинтсия) мебошад. Дар халиҷи Неаполитан мавқеъ гирифтааст.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Неапол — сеюм шаҳри Итолиё аз ҷиҳати ҳаҷм пас аз Рим ва Милан ва аз ҳама шаҳри барҷаста дар Итолиёи Ҷанубӣ буда аҳолияш қариб 1 млн. нафарро ва бо гирду атрофи шаҳр қариб 3 млн. нафарро ташкил мекунад. Аз ҷиҳати нақлиёт роли муҳимро мебозад чун дар он Фурудгоҳи байналмиллӣ ва бандаргоҳ мавҷуд аст. Дар қатори забони расмии итолиёӣ лаҳҷаи содаи неаполитанӣ ки ба мардуми тагҷоӣ хос аст, истифода бурда мешавад. Нигаҳбони шаҳр азиз Януарий (аз рӯи нутқи дини насронӣ) ба ҳисоб меравад ва ба муносибати рӯзи ёддошти ӯ 19 сентябр ҳамчун иди шаҳр ҳар сол қайд мекунанд.
Дар доираи хатарноки зилзила қарор дорад, ки қисми таърихии шаҳр дар қисми ғарбии пастхамии Везувий сохта шудааст. Охирин фаввора задани Везувий дар соли 1944 воқеъ гашт. Охирин зилзилаи фалокатовар дар Неапол соли 1980 воқеъ гашт.
Атрофи шаҳр
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз тарафи шарқи Неапол Помпей ва Геркуланум — шаҳрҳои антиқа дар соҳили халиҷ Неаполитанӣ нобуд гаштанд аз сабаби фаввора задани Везувий дар соли 79. Хокистар чунон паноҳ кард, ки ин шаҳрҳо то ҳол шакли бостонии худро эҳтиёт карданд. Ҳар сол дар инҷо ҳафриёти археологӣ гузаронида ва ҳар вақт як навигарӣ кашф мешавад. Дар аввали моҳи ноябр ҳафриёти археологӣ ба ҳама иҷозат аст. Ҳамаи бозёфтҳои археологиро бодиққат таъмир карда ба Осорхонаи Миллии Неапол месупоранд.
40 км шимолтари Неапол қасри подшоҳӣ дар Казерте, ки яке аз қасрҳои пурҳаҷми Аврупо ба ҳисоб меравад.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Неаполро муҳоҷирони юнонӣ дар асри VIII пеш аз милод бо номи Партенопея бунёд карданд. Оқибат як қисми Рими ҷумҳуриявӣ сипас Рими шоҳаншоҳӣ гашт.
Дар қалъаи Кастел делл Ово соли 476 Ромул Августул пас аз сарнагун шудан маҳбус гашт, охирин шоҳаншоҳи Рими Ғарбӣ.
Дар асри VI Неаполро румиён запт кардан дар вақти ҳаракати барқароркунии Рими шоҳаншоҳӣ аз ҷониби Юстиниан I.
Дар солҳои 638 — 1137 пойтахти Неаполи соҳибихтиёр гашт.
Дар соли 1139 ба дохили Подшоҳии Ситсилия вуруд гашт.
Дар соли 1224 донишкадаи Неаполитанӣ ба номи Фридрих II бунёд гашт.
Дар соли 1266 Неапол бо тамоми подшоҳии Ситсилия ба папа Карл I Анжуй супорида шуд, ки пойтахтро аз Палермо ба Неапол кучонид.
Дар соли 1284 подшоҳӣ ба ду қисм тақсим гашт, ки ҳар кадоми он талаб мекардан, то ки «Подшоҳии Ситсилия» ном дошта бошанд.
Дар асри XVII дар Неапол 300 000 нафар одам ба шумор мерафт ва шаҳри дувуми Аврупо буд аз ҷиҳати масофа пас аз Париж. Бо театри Сан-Карло, ки дар он вақт аз ҳама калонтарин ба ҳисоб мерафт, машҳӯр буд.
Моҳи октябри соли 1860 дар натиҷаи овоздиҳии умумии (референдум) эълон шуд, ки подшоҳӣ барҳам ёфт ва давлати Итолиё бунёд гашт.
Солҳои 1942-43, шаҳр аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бомбаборон гашт. Дар ин вақт қариб 1900 нафр одам ҳалок гаштанд[3]. Ба ғайр аз иншоотҳои саноатӣ амрикоиҳо вокзал, бандаргоҳ, театри Сан-Карло, як чанд калисо ва хонаҳои истиқоматиро нест карданд. Соли 1943 шаҳр зери таъсири амрикоиҳо гузашт.
Неаполи имрӯза — шаҳри сераҳолӣ бо фурудгоҳи байналмиллӣ, бандаргоҳ ва метро аст. Маркази хати № 1-уми метрои Неапол, намунаи осорхонаи зеризамини мебошад, ки дар он санъати имрӯзаӯро дарбар мегирад. Танзими бадеии 25 стантсияро соли 2005 ба итмом расониданд.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Иқлими Неапол | |||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Нишондод | Янв. | Фев. | Март | Апр. | Май | Июн | Июл | Авг. | Сен. | Окт. | Нояб. | Дек. | Сол |
Максимуми мутлақ, °C | 21,1 | 22,5 | 28 | 30,5 | 34,1 | 37 | 39 | 40 | 37,2 | 31,5 | 29,4 | 24,4 | 40 |
Максимуми миёна, °C | 12,9 | 13,2 | 15,8 | 18,5 | 23,3 | 27,1 | 30,4 | 30,8 | 26,8 | 22,9 | 17,8 | 14,1 | 21,1 |
Ҳарорати миёна, °C | 8,8 | 9 | 11,4 | 14,1 | 18,7 | 22,6 | 25,3 | 25,5 | 21,5 | 17,8 | 13,1 | 9,9 | 16,5 |
Минимуми миёна, °C | 5,4 | 5,2 | 7,5 | 10 | 14,1 | 17,7 | 20,2 | 20,4 | 16,9 | 13,5 | 9,2 | 6,4 | 12,2 |
Минимуми мутлақ, °C | −5 | −5 | −3 | −1 | 1 | 7,8 | 11,7 | 10 | 6,8 | 3 | −2 | −4,5 | −5 |
Андозаи бориш, мм | 95 | 77 | 98 | 94 | 49 | 41 | 25 | 33 | 85 | 111 | 159 | 118 | 983 |
Сарчашма: Боду ҳаво ва иқлим |
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://maps.yandex.ru/?text=Италия,Неаполь&sll=14.253227%2C40.851805&sspn=1.054658%2C0.533886
- ↑ Dati Istat — Popolazione residente all’1/9/2009
- ↑ Данные предоставлены «Istituto di Studi Storici Economici e Sociali» (I.S.S.E.S), см. www.isses.it (PDF).
- Panorama of Naples by Google Earth
- Фотографии Неаполя Бойгонӣ шудааст 22 Декабри 2012 сол.
Шаҳрҳои Итолиё | |
---|---|
Рим | Милан | Неапол | Турин | Палермо | Генуя | Болоня | Флорентсия | Бари | Катания | Венетсия | Верона | Мессина | Падуя | Триест | Таранто | Брешиа | Реҷо-ди-Калабрия | Прато | Модена | Парма | Перуҷа | Реҷо-Эмилия | Ливорно | Каляри | Равенна | Фоҷа | Салерно | Римини | Феррара | Сассари | Сиракуза | Пескара | Монса | Латина | Бергамо | Форли | Виченса | Ҷуляно-ин-Кампаня | Тренто | Терни | Новара | Анкона | Болсано | Пяченса | |