Неъматҷон Абдураҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Неъматҷон Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 1905(1905)
Зодгоҳ Конибодом
Таърихи даргузашт 1985(1985)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1957
Ордени Ленин
Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени «Нишони Фахрӣ»

Неъматҷон Абдураҳмонов (тав. 1905, Конибодом — 1985, Душанбе) — Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1957).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти кориашро аз коргари корхонаи консерви Конибодом ва кони нефти САНТО (1924 — 31) оғоз намуда, дар Мактаби Ҳизби коммунистии Комитети Марказии ВКП (б) (шаҳри Москва) таҳсил кард (1931 — 33). Минбаъд мудири шуъбаи комитети Ҳизби коммунисти ноҳияи Кангурт, котиби якуми Комитетҳои Ҳизби коммунистии ноҳияҳои Шӯрообод, Орҷоникидзобод, Регар, Ҳисор мудири шуъбаи маҳсулоттайёркунии Вазорати кишоварзии Тоҷикистон буд.

Ордену медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]