Jump to content

Нил Армстронг

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нил Армстронг
англ. Neil Alden Armstrong
Кишвар:
Рутбаи нисзомӣ: Новбон дувум[3]
Таърихи таваллуд: 5 август 1930(1930-08-05)[4][5][6][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 25 август 2012(2012-08-25)[5][6][9][…] (82 сол)
Маҳалли даргузашт:
Соядаст:
Мукофотҳо:
 Парвандаҳо дар Викианбор

Нил О́лден А́рмстронг (англ. Neil Alden Armstrong; 5 август 1930[4][5][6][…], Уапаконета[d], Оҳайо[7][4][8]25 август 2012[5][6][9][…], Синсиннати[d], Оҳайо[10][8]) — фазонаварди амрикоӣ, нахустин инсонест, ки ба сатҳи Моҳ 21 июли 1969 қадам ниҳодааст.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъд аз хатми Омӯзишгоҳи ҳарбии баҳрии лётчикҳо солҳои 1950 — 52 дар ҷанги Корея иштирок намудааст. Баъди хатми Донишгоҳи ш. Лафайет (1955) ихтисоси муҳандиси авиатсионӣ гирифт ва ба дараҷаи бакалаври илми самолетсозӣ соҳиб шуд. Дар қисмҳои авиатсионии қувваҳои ҳарбии баҳрӣ, сипас ҳамчун лётчики озмоишгари маркази илмию таҳқиқотии NASA (Раёсати Миллии ИМА оид ба аэронавтика ва таҳқиқоти фазои кайҳонӣ) дар ш. Люис хизмат кард. ӯ самолетҳои реактивӣ, аз ҷумла Дастгоҳи аэрокайҳонии таҷрибави (ракетоплан)-и Х-15-ро озмуд. Аз с. 1962 ба гурӯҳи астронавтҳои NАSА шомил гардид. Бори аввал 16 марти 1966 ба сифати сарнишини киштии кайҳонии «Ҷемини-8» ба кайҳон (бо Д. Скотт) парвоз кард. 16 — 24 июли 1969 бори аввал ҳамчун сарнишини киштии кайҳонии «Аполлон −11» ба Моҳ парвоз намуд (якҷоя бо Э. Олдрин ва М. Коллинз). 20 июли 1969 камераи махсус бо Нил Армстронг ва Э. Олдрин аз киштии «Аполлон-11» ҷудо шуда ба Баҳри Ороми Моҳ нишаст. Нил Армстронг дар таърихи инсоният аввалин шахсест, ки 21 июли 1969 ба рӯи Моҳ қадам ниҳод ва берун аз камераи махсус 2 соату 21 дақ. 16 с дар сатҳи Моҳ буд. Баъди иҷро кардани барнома астронавтҳои «Аполлон-11» бо намунаҳои хоки Моҳ ба Замин баргаштанд. Нил Армстронг то с. 1970 муовини сардори Идораи NASA, с-ҳои 1971 — 79 проф. Донишгоҳи Синсинати (штати Огайё) буд. Аз с. 1980 узви Раёсати як қатор ширкатҳои ИМА.

Ба ифтихори Нил Армстронг як танӯраи Моҳ номгузорӣ шудааст.