Ноҳия
1.Ноҳия - воҳиди маъмурӣ - ҳудудӣ дар Тоҷикистон. Ноҳияҳо тобеи вилоят мебошанд. Дар Тоҷикистон 13 ноҳия ҳаст, ки тобеи марказ мебошанд. Ноҳияҳо дар навбати худ аз ҷамоатҳо иборат мебошанд. 2.Ноҳия - дар ҳуқуқи конститутсионӣ ҳамчун воҳиди марзию маъмурӣ эътироф шудааст. Дар ҶТ ноҳияҳо дар ҳайати ҳамаи вилоятҳо мавҷуданд ва инчунин як қисми ҳудуди ҷумҳурӣ ба ноҳияҳо ҷудо мешавад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии ҶТ» аз 4 ноябри с.1995 ноҳияҳоро Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати ҶТ дар асоси илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи дахлдор ташкил ва барҳам медиҳад. Дар ҶТ ноҳияҳо ба ноҳияи деҳавӣ ва ноҳияи шаҳрӣ ҷудо мешаванд. Ҳангоми ташкили ноҳияи деҳавӣ сарҳад ва маркази маъмурии он ва дар вақти ташкил додани ноҳияи шаҳр бошад, сарҳади он муқаррар карда мешавад. Ҳоло дар ҶТ фақат шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои шаҳр тақсим мешавад. Ноҳияҳо ба шаҳраку деҳа ҷудо мешаванд. Дар ҳайати баъзе ноҳияҳои деҳавӣ шаҳрҳои тобеи ноҳия ҷойгиранд.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 533