Jump to content

Ноҳияҳои Душанбе

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи шаҳр)

Ноҳияҳои Душанбе — номи воҳидҳои маъмурию ҳудудии шаҳри Душанбе. Аввалин бор тақсимоти ноҳиявӣ дар шаҳри Душанбе дар соли 1924 ворид шуда буд[1].

Тақсимоти маъмурии Душанбе

Шаҳри Душанбе – танҳо шаҳр бо воҳидҳои минтақавӣ дар Тоҷикистон аст[2], ва дар робита ба ин, Шӯрои вакилони халқ ва Ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) мақоми минтақавӣ (вилоятӣ) дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо»-ро доранд. Ҳокимияти иҷроияро дар ноҳияҳои пойтахт раисони ноҳияҳо намояндагӣ мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон" шароити ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Тоҷикистон аз ҷониби шаҳри Душанбе муайян мекунад.[3]

18 июли соли 2013 нақшаҳои се маротиба зиёд кардани қаламрави Душанбе эълон карда шуданд [4].

Ҳудудҳои нав

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар қарори Ҳукумат “Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе”, ки ҳанӯз соли 2017 қабул шуда буд, гуфта мешуд, ки домани ҳудудҳои пойтахт ба 18 ҳазор гектар то соли 2025, ба 25 ҳазор гектар то соли 2040 ва ба 30 ҳазор гектар пас аз соли 2040 васеъ карда мешавад. 19 марти соли 2020 дар ҷаласаи 22-юми даъвати панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ раиси Кумитаи МММО Муҳаммадюсуф Имомзода ин масъаларо шарҳ дода қайд намуд, ки дар асоси санади пешкашкардаи Ҳукумати ҶТ “Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси депутатҳои халқи шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рўдакӣ оид ба тағйир додани сарҳадҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ” аз ҳисоби заминҳои деҳоти Чоряккорон, Чортеппа, Сарикиштӣ, Чимтеппа, Россия, Гулистон ва шаҳраки Навободи ноҳияи Рӯдакӣ ба қаламрави маъмурии шаҳри Душанбе беш аз 7659,25 гектар замин илова мешавад. Мувофиқи Нақшаи генералии пойтахт, васеъкунии маъмурӣ-ҳудудии асосӣ ба самти ҷануб ва қисман ба самтҳои шимол, шарқ ва ғарб пешбинӣ шудааст. Моҳи марти соли гузашта маъмурияти шаҳр барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанберо то соли 2025 тасдиқ намуд. Васеъ намудани қаламрави шаҳр яке аз бандҳои асосии ин барнома аст. Ҳудуди Душанбе, бо назардошти заминҳои ҳамроҳшудаи ноҳияи Рўдакӣ бо масоҳати 7 659,25 гектар, ҳамагӣ 20 318,25 гектарро ташкил дод (н.Сино – 6224,39, н.Фирдавсӣ – 5447,96, н. Шоҳмансур – 4888,90 ва Исмоили Сомонӣ – 3759,00 га). Аз масоҳати муқарраршудаи шаҳри Душанбе 2091,75 га заминҳои обӣ, 145,21 га боғ, 12,28 га тутзор, 2,10 га боғҳои ситрусӣ, 25,79 га чарогоҳ, 6390,85 га нуқтаҳои аҳолинишин, 5,7 га заминҳои ёрирасони шаҳрвандон, 1372.0026 га буттазорҳо, 3,7 га ботлоқзорҳо, 1436,66 га кӯлу дарёҳо, 310,2 га гузаргоҳҳои зеризаминӣ, 7227,51 га заминҳои сохтмон ва киштзор, 1235,03 га заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашуда мебошанд.

Пештар шаҳр аз ҳисоби ноҳияҳои гирду атроф, алалхусус аз ҳисоби як қисми ноҳияи Варзоб васеъ шуда буд. Ҳудуди пойтахт қаблан беш аз 12,6 ҳазор гектарро ташкил медод ва то соли 2019 шумораи аҳолии шаҳр ба беш аз 900 ҳазор нафар расид. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон, бо назардошти муҳоҷирати дохилӣ ва мизони баланди таваллуд, шумори ҷамъияти Душанбе кайҳо аз 1 миллион нафар гузаштааст. Мувофиқи нақшаи генералӣ, шумораи аҳолии шаҳр дар марҳилаи аввал ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар ва баъд ба 2 миллион нафар мерасад. Душанбе дар байни шаҳрҳои кишвар аз ҷиҳати зичии аҳолӣ пешсаф аст: ба ҳар километри мураббаъ ба ҳисоби миёна 6400 сокин рост меояд. Дар рафти нишасти матбуотии моҳи январи соли 2019 раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода изҳор дошт, ки дар ҳудудҳои ба Душанбе ҳамроҳшуда бунёди 19 ҳазор иншоот дар нақша аст. Мувофиқи маълумоти омор аз 1 январи соли 2021, ҳамагӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ 602 740 нафар зиндагӣ мекунад, шумори хоҷагиҳо 95 872 аст. Аз ин миқдор ба пойтахт 35767 хоҷагӣ бо 218260 нафар аҳолӣ гузаронда шуданд. Ба Душанбе аз қаламрави ҷамоати Россия 9 нуқтаи аҳолинишин, аз Чимтеппа 12, Сарикиштӣ 8 деҳа ба пуррагӣ ва 5-то қисман, Чоряккорон 2 деҳа пурра ва 6 деҳа қисман, Гулистон 5 деҳа пурра ва 1 деҳа қисман, Чортеппа 2 деҳа пурра ва 2 деҳа қисман, аз шаҳраки Навобод 2 гектар замин пайваст карда шуданд.[5]

Душанбе ба 4 ноҳия тақсим шудааст, ки ҳар яке маъмурияти худро доранд (ҳукумати ноҳия):

Номи ноҳия Номи қаблӣ Масоҳат,
км² (2019)
Масоҳат,

км² (2022)

Аҳолӣ,
нафар
(2019)
Раиси

ноҳия
Эзоҳ
1. Исмоили Сомонӣ Октябрский 25,8 37,59 148 700 Қодирзода Руслан Раҷаб ба хотири Исмоили Сомонӣ номгузорӣ шудааст
2. Ноҳияи Сино Фрунзенский 43,8 62,24 326 100 Саидзода Тоҷиддин Ниёз ба хотири Ибни Сино номгузорӣ шудааст
3. Фирдавсӣ Марказӣ (Центральный) 29,1 54,47 209 000 Гуреззода Умед Зариф ба хотири Фирдавсӣ номгузорӣ шудааст
4. Шоҳмансур Роҳи оҳан (Железнодорожный) 27,9 48,88 162 600 Билол Иброҳим ба хотири амири Давлати СомониёнМансури I ибни Нӯҳ (ё аз номи деҳа) номида шудааст
дар умум 126,6 203,18 846 400
Миқдори ноҳияҳо Ном Аҳолӣ
Соли 1941
3 Душанбе

Роҳи оҳан

Марказӣ

Соли 1959
3 Душанбе

Роҳи оҳан

Марказӣ

79 658

93 139

51 445

Соли 1989
4 Роҳи оҳан

Октябр

Фрунзе

Марказӣ

107 855

97 816

246 369

Соли 2010
4 Исмоили Сомонӣ (пештара Октябр)

Сино (пештара Фрунзе)

Фирдавсӣ (пештара Марказӣ)

Шоҳмансур (пештара Роҳи оҳан)