Ноҳияи Лайлак
Зоҳир
|
|||
Кишвар | Қирғизистон | ||
Шомили | 1 шаҳристон, 9 деҳистон | ||
Маркази маъмурӣ | Исфана | ||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||
Вақти минтақавӣ | UTC+6:00 | ||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ноҳияи Лайлак (қирғ. Лейлек району) — яке аз се ноҳияи маъмурии вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон. Маркази маъмурии ноҳия шаҳри Исфана мебошад. Он ба номи дарёи Лайлак, ки шохоби болоии Хоҷабоқирғон (ҳавзаи Сирдарё) аст, номгузорӣ шудааст.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шарқ бо ноҳияи Бодканди вилояти Бодканди Қирғизистон, дар шимол, ғарбу ҷануб — бо Тоҷикистон ҳаммарз аст. Ғарбитарин минтақаи Қирғизистон мебошад.
Тақсимоти маъмурӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба ноҳия 9 деҳистон ва 1 шаҳристон дохиланд | |||
---|---|---|---|
№ | Маҳалли аҳолинишин | Аҳолӣ, 2022 | Шумораи деҳаҳо |
1 | Шаҳристони Исфана | 34891 | 6 |
2 | Деҳистони Бешкент | 12,919 | 5 |
3 | Деҳистони Янгиер | 15,249 | 3 |
4 | Деҳистони Кулунда | 27,549 | 6 |
5 | Деҳистони Қатрон | 10,724 | 3 |
6 | Деҳистони Лайлак | 8,227 | 5 |
7 | Деҳистони Марғун | 5,538 | 4 |
8 | Деҳистони Оқсув | 7,901 | 5 |
9 | Деҳистони Сумбула | 16,502 | 4 |
10 | Деҳистони Тоғузбулоқ | 11,097 | 6 |
Аҳолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бар пояи додаҳои саршумории аҳолии Қирғизистон дар соли 2009, аз 116 861 сокини ноҳия қирғизҳо — 77 468 нафар ё 66,3 %, узбакҳо — 31 386 нафар ё 26,9 %, тоҷикон — 7720 нафар ё 6,6 %[1], тоторҳо — 126 нафар ё 0,1 %, дигарон — 161 нафар ё 0,1 % ташкил медиҳанд.