Сирдарё
Ҷараёни об | |
---|---|
Сарчашма | Рӯдҳои Норин ва Қародарё |
Резишгоҳ[?] | дарёи Арал |
• Координатаҳо | [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]] |
Мавқеъ | |
Сирдарё (ҳамч. Сир, Яксарт ё Сайҳун) — яке аз артерияҳои бузурги обии сарзамини Осиёи Миёна буда, 443 ҳаз. км² масоҳат дошта, ҳавзааш дар байни 39º23'-46º арзи шимоли ва 61º-78º24' тӯли шарқӣ ҷойгир шудааст.
Ҷуғрофия
[вироиш | вироиши манбаъ]Тӯли он аз шимол ба ҷануб ба масофаи 800 км ва аз ғарб ба шарқ 1600 км аст. Ҳавзаи Сирдарё 32%-и масоҳати Осиёи Миёнаро ишғол кардааст. Ҷараёни солонаи дарё 14 км-и мукааб аст. Ҳавзаи обғундории Сирдарё асосан ба қисми ғарбии силсилакӯҳҳои Тиёншон ва нишебиҳои қаторкӯҳҳои Олой ва нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон мансуб аст.
Сирдарё аз рӯдҳои Норин ва Қародарё сарчашма мегирад. Дар саробаш (Қирғизистон) Норин ном дорад. Захираи обии рӯди Норин се маротиба зиёдтар нисбат ба Қародарё аст. Дарёи Сир идомаи рӯди Норин буда, Қародарё шохоби чапи он мебошад. Дарозии умумии Сирдарё аз он ҷое, ки Қародарёву Норин бо ҳам пайваст мешаванд 2212 км аст, вале аз сароби Норин 3019 км мебошад. Масоҳати ҳавзаи обғундории Сирдарё 219000 км² аст. Дарёҳои қаторкӯҳҳои Туркистон, Олой ва Тиёншонн Ғарбӣ, ки оби худро ба Сирдарё мерезанд, пуроб шуда, ба воситаи водии Фарғона ба пастии Тӯрон ҷорӣ шуда, сипас ба қисми шимолу ғарбӣ тоб хурда, аз доманаи қаторкӯҳҳои Қаротоғ мегузарад. Баъдан даштҳои ҳамвори Қазоқистонро убур карда, ба баҳри Арал мерезад.
Дар ҳавзаи Сирдарё дар маҷмӯъ беш аз 2600 кӯл (кӯлҳо асосан дар болооби дарёи Норин), 29784 дарё бо масоҳати 108634 км вуҷуд доранд. Сирдарё дар саршавиаш яке аз дарёҳои бузурги кӯҳӣ буда, аз баландиҳои 4000-5000 м ҷорӣ мешавад. Сирдарё нисбат ба Амударё захираи обии кам дорад. Агар ҳавзаи обғундории Сирдарё дар як шабонарӯз 1200м мукааб/сон. бошад, дар Амударё 2500м мукааб/сон.-ро ташкил медиҳад. Сирдарё аз барфу пиряхҳои доимӣ ғизо мегирад. Аз ин рӯ, ғизогирии Сирдарё ба типи ғизогирии пиряхию барфӣ рост меояд. Танҳо қисми шимолии қаторкӯҳҳои Туркистону Олой зиёда аз 250 пирях доранд. Дар болооби дарёи Норин бошад 200, дар қисми ҷанубӣ-ғарбии қаторкӯҳи Фарғона 57 пирях ба қайд гирифта шудааст. Масоҳати умумии пиряхҳо 2208 км² мебошад. Миқдори умумии дарёҳои то ҳол аз нигоҳи гидрологӣ омӯхташудаи ҳавзаи Сирдарё 131-то ба ҳисоб меравад.
Дар вилояти Суғди Тоҷикистон обанбори сунъии Қайроққум барои обёри намудани заминҳо солҳои 50-уми асри XX сохта шудааст.
Пайвандҳои беруна
[вироиш | вироиши манбаъ]• http://andesha.tj/node/554(пайванди дастнорас)
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]http://tg.wikipedia.org/wiki/%D0%9D%D0%91%D0%9E_-_%D0%B8_%D0%A1%D0%B8%D1%80%D0%B4%D0%B0%D1%80%D1%91
- Қуттии дарё:ислоҳ кардан:Резишгоҳ
- Дарёҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои обӣ ба тартиби алифбо
- ТАФ:ОО:Вироиши охирин: камтар аз як моҳ
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои сарчашма
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои сарчашма (указан сарчашма)
- Қуттии дарё: пур кардан: Координатаҳои резишгоҳ
- Геоқуттӣ: пур кардан: Кишвар
- Геоқуттӣ: пур кардан: Номгузорӣ
- Қуттии дарё: пур кардан: Минтақа
- Қуттии дарё: пур кардан: Тӯл: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- Қуттии дарё: пур кардан: Масоҳати ҳавза: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- Қуттии дарё: пур кардан: Сарфи об: дар Викимаълумот нишонагузорӣдодашуда
- Қуттии дарё: пур кардан: Ҳавза
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P242)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)
- Қуттии дарё: пур кардан: Номгузории миллӣ
- Қуттии дарё: Викимаълумот: пур кардан: радаи ҳавза
- Ҷуғрофиё
- Ҷуғрофияи Тоҷикистон
- Дарёҳои Тоҷикистон
- Pages using the Kartographer extension