Jump to content

РБК

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

РБК — шабакаи телевизионии корист, ки ахбороти иқтисодӣ, молияви ва сиёсии Русия ва кишварҳои хориҷаро пахш менамояд. Пешгӯиҳо, шарҳи мутахассисон, мусоҳибаҳо бо сиёсатмадорон ва соҳибкорони маъруф, матбуоти корӣ, барномаҳои махсуси корӣ доир ба мавзӯъи рӯзмарра ва камбудҳои бизнеси Русия ва бозори молиявии ҷаҳонро пахш менамояд. Аввалҳои моҳи ноябри соли 2012 Хизматрасонии зидди монополиявии Русия, шабакаи телевизиюнии «РБК»-ро шабакаи федеролии Русия эълон кард.

РБК
РБК
Мамлакат
Минтақаи пахш Иттиҳоди Аврупо, ИДМ, Парчами Замин Замин
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон русӣ
Маркази идоракунӣ Маскав, Русия
Оғоз 1 сентябри 2003
Ҷойгузиншуда РБК
Шаҳодатномаи бақадгирии ВАО 10 сентябри 2002
Бинандагон ~ 200 млн
Асосгузор Русия
Молик Русия
Роҳбарон Тимофей Щербаков, Илья Доронов
Овози канал Дмитрий Бобров, Павел Плёнкин
Сайт tv.rbc.ru

Дар ин шабакаи телевизиони зиёда аз 50 нафар кор мекунанд. Дар штати шабакаи телевизионии РБК — зиёда аз 40 тадқиқотчиён, аз бонкҳо ва ширкатҳои молиявӣ фаъолият мекунанд.

Тамошобинон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз натиҷаҳои тадқиқотии иҷтимои, шабакаи телевизионии РБК-ро одамони дорои маълумоти олӣ ва даромадашон болотар аз миёна, инчунин кормандони бонкҳо, сармоягузорон, рӯзноманигорон, намояндагони корхонаҳои давлатӣ, соҳибкорон, менеҷерҳо ва донишҷӯёни Донишгоҳҳои иқтисодии Русия тамошо мекунанд. Ба иттилоъи "Роспечать" бар асоси санҷишҳои TNS Gallup Media, шумораи як моҳаи тамошобинони шабакаи телевизионии РБК дар соли 2015 — 20015 нафарро ташкил дод.

Директорони генералӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Артём Инютин (2003—2011)
  • Александр Любимов (2011—2014)
  • Глеб Шагун (2014—2016)[1]
  • Тимофей Щербаков (с 2016)

Ретрансляторҳои маҳаллӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • ТВ Обнинск (27 ТВК);
  • Эврика (30 ТВК, Железногорск, Красноярский край);
  • РБК Новосибирск (21 ТВК).


[2]

  1. Поворазнюк, Светлана. Глеб Шагун: «Будем уходить от того, что РБК — только про деньги»(пайванди дастнорас — таърих). «Известия» (4 апрели 2014). — Экономика. 5 апрели 2014 санҷида шуд.
  2. https://ru.m.wikipedia.org/wiki/%D0%A0%D0%91%D0%9A_(%D1%82%D0%B5%D0%BB%D0%B5%D0%BA%D0%B0%D0%BD%D0%B0%D0%BB)