Ранг
Ранг — хислати субъективии сифатии афканишоти электромагнитии диапазони оптикӣ, ки дар асоси ҳиссиёти физиологии биниш ва вобаста ба як қатор факторҳои физикӣ, физиологӣ ва психологӣ муайян мешавад.
Хусусияти рангҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои фарқ кардани ранг ба ҳар як шахс сохти чашм ва хусусиятҳои меъросии чашм ва психика муҳим аст, то ин ки вай рангҳоро фарқ карда тавонад. Таъсири як ранг дар байни як чанд одамон ҳиссиёти гуногунро нишон медиҳад ва ба ҳар кадоми онҳо ранг гуногун менамояд. Аз ин ҷо баҳсе ки «дар ҳақиқат кадом ранг аст?» бе фоида аст, чунки барои ҳар як бинанда ҳақиқат он рангест ки вай худаш мебинад. Рангҳо мешаванд: беранг, шаффоф, серанг, таҳлилӣ спектрӣ ва ғайри спектрӣ. Нурҳои ултро бунафш: сиёҳ, хокистарранг, нуқрагун, сафед, тилоӣ, хурмоӣ, қахваранг, шамуа, зайтунӣ, ботлоқӣ, сабзгун, тсиан (бе ранг), сабзтоби шаффоф, фирузаранг, садбаргӣ, ҳамранги қулфинай, сурхи сиёҳтоб, сурхи баланд, лолагун, суп сурх, қирмизӣ, олуранг, хоки ранг, каҳваранг.
Аз қадим одамон барои фарқияти рангҳо аҳамияти хоса зоҳир мекарданд. Дар астрологияи нурҳои офтоб 7 ситораро ба ҳафт ранг мансуб мешуморанд:
- ранги сурх – Марс,
- ранги кабуд – Венера,
- ранги зард – Сатурн,
- ранги арғувон – Юпитер,
- ранги зарди сурхтоб – Офтоб,
- ранги бунафш – ранги Моҳ.
Рангҳо на танҳо рамзи сайёраҳо буданд ва боз ҳолати иҷтимоӣ ва ҳолатҳои гуногуни равонии одамонро ифода мекарданд. Халқиятҳои гуногун рамзҳоеро бо рангҳои ифодакунандаи марзу бумашон истифода мекунанд. Масъалан дар Чин одами кушод ва содиқро «Дили сурх» мегӯянд.
Маънои рангҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сурх – пеш аз ҳама хун ва оташро ифода мекунад. Хурсандӣ, зебоӣ, муҳаббат, саодатманди ва ҳаёт.
- Сафед – тозагӣ, покӣ, хурсандӣ, накукорӣ, ҳақиқӣ, самимӣ, бахт.
- Сабз – оромӣ, ҷавобгарӣ.
- Сиёҳ – ҷиддӣ, тирагӣ, нобоварӣ, бадбахтӣ, ғам, андуҳ, марг.
- Зард – фиреб, дард, ҷудоӣ, ҳисси гармӣ, оромӣ, бехатарӣ.
- Кабуд – ҷовидонӣ, некӣ, боварӣ, доимӣ.
Рангҳоро барои ҳал кардани проблемаҳои гуногун истифода бурдан мумкин аст. Мехоҳед, ки шуморо бо диққат гӯш кунанд? Пас либосҳоеро ба бар намоед, ки ранги кабуди серрангро дошта бошанд. Руҳафтодагиро бошад бо пӯшидани либосҳои серранг бартараф кардан мумкин аст. Дар беморхонаҳо ранги либос ин ба ҳолати бемор метавонад ҷавобан таъсир расонад. Дар шуъбаи кардиология ранги сабз кори дил ва роҳҳои нафаскаширо хуб мекунад. Дар утоқи шифоёбандагон ранги сурх хуб аст. Барои беморони асаб рангҳои кабуд, садбаргӣ, зард ва осмонӣ тавсия мешаванд. Дар шуъбаи сироятӣ ва инчунин беморони фишорашон баланд мебошад, кабуди пастранг беҳтар аст. Ранги сурх шамолхӯриро бартараф мекунад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Артюшин Л. Ф., Основы воспроизведения цвета в фотографии, кино и полиграфии, М., 1970
- Вавилов Н., Свет и цвет в природе
- Гуревич М. М., Цвет и его измерение, М. — Л., 1950
- Кустарёв А. К., Колориметрия цветного телевидения, М., 1967
- Ивенс Р. М., Введение в теорию цвета, пер. с англ., М., 1964
- Петрушевский Ф. Ф. Цвет тел // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.
- Селицкий А. Л., Цветоведение. Минск, 2019.
- Шерцль В. И., О названиях цветов // «Филологические записки», Воронеж, 1873
- Уилан Б., Гармония цвета: Новое руководство по созданию цветовых комбинаций / Б. Уилан; Пер. с англ. Г. Щёлоковой. — М.: ООО «Издательство Астрель»: ООО «Издательство АСТ», 2005
- Яковлев Б., Цвет в живописи // Художник. 1961, № 3. С. 27—31
- Wyszecki G., Stiles W. S., Color science, N. Y. — L. — Sydney, 1967.
- Deane B. Judd and Gunter Wyszecki — Color in business, science and industry 1975, ISBN 0-471-45212-2