Рафоат Абдусаломова
Таърихи таваллуд | 10 март 1939 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, вилояти Ленинобод |
Таърихи даргузашт | 24 октябр 2023 (84 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Ҷоизаҳо |
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон |
Рафоат Абдусаломова (10 марти 1939[1], ноҳияи Конибодом — 24 октябри 2023, Душанбе[2]) — рӯзноманигор, аввалин наттоқи телевизиони тоҷик, наттоқи дараҷаи олӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рафоат Абдусаломова 10 марти соли 1939 дар Ҷамоати деҳоти Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд шудааст. Соли 1963 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. 3 октябри соли 1959 нахустин барномаи санҷишии Телевизиони Тоҷикистонро ба забони тоҷикӣ ба тамошобинон пешкаш намуд. Аз соли 1959 (45 сол) дар Телевизиони Тоҷикистон ба ҳайси наттоқ, муҳаррир, мудири шӯъба, сармуҳаррир ва котиби масъули иттиҳодияҳои эҷодӣ кор карда, баҳри рушду камоли телевизиони тоҷик саҳми арзанда гузоштааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамчун рӯзноманигор дар таҳияи барномаҳои телевизионии «Дугонаҳо», «Гулдаста», «Ватан ва фарзандон», «Муҳаббат ва оила», «Гулдухтарон», «Дилафрӯз» ва ғ., ки миёни тамошобинон маҳбубият доштанд, саҳм гузоштааст. Абдусаломова Рафоат солҳои зиёд наттоқи барномаҳои хоса барои телевизиони Маскав ва дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1989);
- Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон;
- Нишони сарисинагии «Аълочии телевизион ва радиои СССР».
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2015) — Душанбе: Бухоро, 2014.- 280 с.(пайванди дастнорас)
- ↑ Скончалась первый диктор таджикского телевидения Рафоат Абдусаломова. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus. 4 Январ 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдусаломова Рафоат // Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.
- Телевизион — оинаи зиндагӣ. — Душанбе, 2002;
- Наттоқ, чеҳраи телевизион. — Душанбе, 2008.