Риёз
Маҳалли аҳолинишин | |||||||
ар. الرياض[1] ар. الخفجي[1] | |||||||
| |||||||
|
|||||||
Кишвар | [[|]] | ||||||
Таърих ва ҷуғрофиё | |||||||
Таъсис | асри XVIII | ||||||
Масоҳат |
|
||||||
Баландии марказ | 612 ± 1 м | ||||||
Минтақаи замонӣ | UTC+03:00 | ||||||
Аҳолӣ | |||||||
Аҳолӣ | ▲ 7 676 655[2] тан | ||||||
Шиносаҳои ададӣ | |||||||
Нишонаи почта | 11564–12665 | ||||||
riyadh.sa/en/(англ.) | |||||||
|
|||||||
Парвандаҳо дар Викианбор |
Риёз, ар-Риёз (ар. الرياض — боғ, гулзор) — шаҳр, пойтахти Арабистони Саудӣ ва маркази маъмурии музофоти Арриёзӣ вилояти Наҷд. Аҳолиаш 7 676 655 нафар (2017). То соли 1960 Риёз ҳамагӣ 160 ҳазор сокин дошт.
Иқлим
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз шаҳрҳои гармтарини олам (ҳарор. миёнаи янв. +14,4, июл +36,6, баъзан то 50°С мерасад). Иқлимаш ниҳоят хушк, миқдори боришоти солона аз 100 мм беш нест. Риёз аз 15 ноҳияи маъмурии худидоракунии маҳаллӣ иборат буда, аз тарафи губернатори музофоти Риёз идора карда мешавад. Даромади зиёди нафт Риёзро ба шаҳри фавқулзамонавӣ ва сераҳолӣ табдил дод
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Риёз дар гузашта номи мавзеъи паҳновар ва сабзу хуррами маркази нимҷазираи Арабистон буда, баъдтар танҳо як қисми аҳолинишини он ба шаҳри Риёз табдил ёфт. Соли 1818 Риёз аз тарафи Империяи Усмонӣ торумор гашт. Соли 1823 асосгузори давлати Саудии Сонӣ — Туркӣ ибни Абдуллоҳ давлатро аз нав эҳё ва Риёзро ба сифати пойтахти нав интихоб намуд. Мухолифатҳои байни наберагони Туркӣ давлатро хароб карданд ва он соли 1891 ба дасти рақибашон Ар-Рашид гузашт. Соли 1902 Риёз ба дасти шоҳ Абдулазиз ибни Сауд расид ва ӯ ба бунёди Шоҳигарии Арабистони Саудии имрӯза пардохта, дар Риёз қароргоҳи худро бино кард. Пойтахти Арабистони Саудӣ аз соли 1932 ба таври замонавӣ бунёд мегардид ва тавсеъа меёфт.
Тасеъаи шаҳр
[вироиш | вироиши манбаъ]Шаҳр ба ноҳияҳои маъмурӣ, дипломатӣ, истеҳсолӣ, маркази тиҷоратӣ (бо муассисаҳои вақтхушӣ, тарабхонаҳо), қисми аҳолинишин ва таърихӣ тақсим мешавад; боғоту гулгаштҳои дилнишин, маҷмааҳои варзишӣ дорад (ноҳияҳои Даҳран, Даммам, Ҷидда ва ғ.).
Риёз маркази сиёсӣ, маданӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратии мамлакат буда, дар он корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳи оҳан, 4 аэропорти байналхалқӣ мавҷуд аст. Роҳи оҳани Риёзро бо шаҳрҳои Ҷидда ва Макка мепайвандад.
Меъморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз сохтмонҳои анъанавӣ хеле кам намунаҳо боқӣ мондаанд: Мураббаъ — девори атрофи шаҳр, қасри Ал-Масмак ва ғ. Биною манораҳои мӯҳташами Риёз — Маркази шоҳ (99 табақа, баландиаш 300 м, масоҳ. асосаш 9423 м2), маркази тиҷорат, Бурҷи Файсалия, Бурҷи Ъануд (145 м) ва ғайра ҳайратоваранд. Соли 2009 сохтмони метрополитен оғоз гардид. Риёз осорхонаи миллӣ, академияи ҳарбӣ, Донишгоҳи шоҳ Сауд, донишкадаи олии техникӣ, пойгоҳи электрикӣ, манораи телевизионӣ (170 м), 4300 масҷид дорад.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Риёз маркази молиявӣ ва соҳибкории Шарқи Наздик мебошад: бонкҳо ва ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ дар ин ҷо намояндагӣ ва марказҳои худро доранд. Коргоҳҳои бузурги саноати нефт, технологияҳои олӣ, ширкатҳои сохтмонии шӯҳрати ҷаҳонидошта низ фаъолият мекунанд. Матбуоти даврӣ ба се забон: англисӣ, арабӣ ва урду нашр мешавад.
Манзараи шаҳр
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 تعداد السكان والمساكن — General Authority for Statistics.
- ↑ About ArRiyadh. high commission for the development of arriyadh(пайванди дастнорас — таърих). 4 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 6 Декабри 2018.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ар-Риёз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.