Jump to content

Роҳинҷа (халқият)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Халқияти роҳинҷа (рохинджа)
Харитаи аҳолии этникии Мянма

Роҳинҷа (банголӣ: রোহিঙ্গা Rohingga /ɹohiŋɡa/) — номгузории халқиятест дар кишвари Мянма

Роҳинҷа, гурӯҳи этникиест, ки аксаран дар иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма маскун аст ва ба ҳалқиятҳои оилаи ҳиндуаврупоӣ таалуқ дорад.[1] Халқияти Роҳинҷа худро аз сокинони муқимнишини иёлати Ракхайн (Аракан)и давлати Мянма мешуморад, вале аксари муаррихон тахмин доранд, ки асосан ин халқият ба Мянма дар даврони мусталикадории Британияи Кабир аз Бангола (Бангладеш) муҳоҷир шудааст, ва қисман баъди соҳибистиқлол шудани Бирма (соли 1971), ҳоло Мянма омадааст.[2]. Ҳукумати Мянма онҳоро то ҳол ҳамчун шаҳрванд эътироф накарда, муҳоҷирони ғайриқонунии кишвари Бангладеш мешуморад.[3]. Роҳинҷа ба дини Ислом эътиқод дорад ва ба забони роҳинҷӣ гап мезанад, ки аз оилаи забонҳои ҳиндуориёист. Миқдори аҳолии Роҳинҷа дар Мянма аз 800 000 то 1 млн. нафар аст.[4]. Аз рӯи маълумоти СММ ақалияти миллии ба зери таъқиб афтодаи дунёи муосир аст [5].

Таъқибкунии роҳинҷӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дар муқовимати байнимазҳабии соли 2012 байни буддопарастон ва мусулмонони роҳинҷӣ дар натиҷаи зӯроварии этникӣ зиёда аз 100 ҳазор мусалмонон бе манзил монда дар лагерҳои муваққатӣ ҷамъ оварда шуда буданд;
  • Чунин, ҳодисаҳои зуроварии этникӣ дар солҳои 2015 ва 2016 давом ёфтаанд.
  • Соли 2016 аз Мянма зиёда аз 80 ҳаз. мусулмонон гуреза шудаанд. Аз рӯи маълумоти СММ тахминан 420 ҳазор нафар роҳинҷа Мянмаро тарк намудааст.[6][7]
  • Зиддияти навбатӣ дар Мянма 25 августи соли 2017 руй дод. Муҷоҳиддини «Артиши озодихоҳии роҳинҷа Аракана» (АРСА) (русӣ "Армия спасения рохинджа Аракана" - АРСА) ба зиёда аз 30 посгоҳи полис ҳамла карда 12 наф. куштаанд. Роҳбарияти Мянма мегуяд, ки АРСА бо ташкилотҳои террористӣ алоқаи қавӣ дорад. Сипас, Артиши Мянма ба амали зиддитеррористӣ шурӯъ кардааст ва 400 муҷоҳиддинро нобуд сохтааст.[8]
  • Аз рӯи маълумоти СММ дар 10 рӯз боз тахминан 87 ҳазор нафар халқияти роҳинҷа Мянмаро тарк намудааст.[9]

Дар Иёлати Ракхайн аз 3 млн наф. аҳолӣ дар баҳисобгирии охирони давлат, 1 млн. нафар халқияти Рохинҷа сабт нагардидааст.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]