Jump to content

Би-би-сӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз BBC)
Би-би-сӣ
Навъ ширкати тиҷорӣ, public broadcaster[d] ва созмон
Таъсисёбӣ 18 октябр 1922 ва 1 январ 1927
Бунёнгузорон Ҷон Рейс[d] ва Ҷорҷ Вилиерс[d]
Макон
Бахш рӯзноманигорӣ, суханпароканӣ[d] ва санъати расона[d][1]
Гардиш
Шумораи кормандон
Ширкатҳои духтарӣ BBC Worldwide[d], BBC Studioworks[d], BBC Film[d], BBC Studios[d] ва German Service[d]
Сайт bbc.com
Телевышка Александра-паласа в Лондоне эксплуатируется Би-би-си с 1936 года
Дафтари марказӣ дар Лондон

Би-Би-Сӣ, BBC (аз англ. British Broadcasting Corporation — Ширкати пахши Бритониё, Би-би-сӣ) — созмони расонаи пахши ҳамагонии умумибритониёӣ.

Би-Би-Сӣ соли 1922 таъсис ёфтааст. Аз маҷмӯаи барномаҳои радиоиву Интернет ва телевизион иборат аст. BBC ширкати ғайридавлатист; он созмони ҷамъиятӣ буда, дорои шӯрои назорат (иборат аз 12 сарпараст) аст, ки аз ҷониби маликаи Британия таъйин мешаванд. BBC дар дохили Британия беш аз 20 шабакаи гуногуни телевизионӣ, аз ҷумла шабакаи шабонарӯзии BBC News ва 14 шабакаи радиоӣ дорад, ки охирин таҳаввулоти кишвару ҷаҳон, навгониҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғ-ро баррасӣ мекунад. Офариниши филмҳои мустанад аз диг. самтҳои фаъолияти BBC аст. BBC пиромуни асрори Замин ва Кайҳон, олами наботот, ҳайвонот, парандагон ва ғ. силсилаи филмҳои мустанад таҳия кардааст, ки ба дигар забонҳо низ баргардон шудаанд. Хадамоти ҷаҳонии BBC аз соли 1932 ба кор шурӯъ кард ва имрӯз ба 27 забон, аз ҷумла ба забони форсӣ барномаҳо дорад. Бахши форсии BBC корашро аз 29 дек. 1940 бо пахши як соат барнома дар ҳафтае оғоз кард. Имрӯз ҳафтае 20 соат барнома пахш мекунад. Пас аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон намояндагии он дар кишвар боз шуд. Шабакаи форсии телевизиони Би-Би-Сӣ аз янв. 2009 бо 8 соат барнома дар рӯз ба кор оғоз намуд. Шуои амвоҷи он аз Эрону Афғонистону Осиёи Марказӣ то Ховари Миёнаву Аврупо мерасад.

Ин маркази расонаӣ дар хонаи расона дар Лондон мустақар аст ва куҳантарин созмони расонаии миллии ҷаҳон мебошад, ки бар асоси омори соли 2014 бар пояи теъдоди коркунон бо 20 950 корманд ва 16 672 нафар дар бахши расонаи умумӣ, ки шомили қарордодҳои поравақти қобили тағйир ба собит дар маҷмӯъ бо 35 402 корманд бузургтарин расонаи пахши ҳамагонӣ дар ҷаҳон аст.

Шиори Би Би Си ин аст: «Ҳар миллат бояд бо сулҳ ва оромиш бо миллати дигар суҳбат кунад»[4].


  • bbc.co.uk — вебгоҳи расмии Би-би-сӣ