Jump to content

Христиан Голдбах

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Христиан Голдбах
олмонӣ: Christian Goldbach
Таърихи таваллуд 18 март 1690(1690-03-18)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 ноябр 1764(1764-11-20)[2][1] (74 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ назарияи ададҳо[d][4], риёзиёт[4], series[d][4], ҳандаса[4] ва Телескоп[4]
Алма-матер
Имзо Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Христиан Го́лдбах(олмонӣ: Christian Goldbach; 18 март 1690[1][2], Кёнигсберг[d][3]20 ноябр 1764[2][1], Маскав[3]) — риёзидони рус, узви АИ Петербург (1725).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кёнигсберг. Соли 1725 ба Русия кӯчид. Солҳои 1725—1740 котиби илмии АИ Петербург буда, аз соли 1742 дар Вазорати корҳои хориҷӣ дар Маскав кор кардааст. Бо Л. Эйлер мукотибаи илмӣ (1729—1764) дошт. Дар яке аз мактубҳояш ба Л. Эйлер фарзия баён намуд, ки дар илм бо номи муаммои Голдбах ворид шудааст (1742). Тибқи ин фарзия ҳар як адади томи n>4-ро дар намуди ҳосили ҷамъи 3 адади сода ифода кардан мумкин аст. Эйлер дар мактуби ҷавобиаш таъкид намуд, ки барои ҳалли ин масъала исбот намудан кофист: ҳар як адади ҷуфт ҳосили ҷамъи ду адади сода аст. Масъалаи Голдбах ва Эйлер ё муаммои Христиан Голдбаҳро чунин ифода кардан мумкин аст: ҳар як адади ҷуфти n>4 ҳосили ҷамъи ду адади сода ва ҳар як адади тоқи n≥7 ҳосили ҷамъи се адади сода аст. Корҳои илмии Христиан Голдбах, асосан, ба таҳқиқи муодилаҳои дифференсиалӣ ва табдили қаторҳои дуршаванда ба қаторҳои наздикшаванда бахшида шудаанд.

  • Юшкевич Л. П., Конслевич Ю. Х. Христиан Голдбах,. (История математики в России до 1917"). М., 1968.