Шариф Раҳимзода
Зоҳир
Шариф Раҳимзода | |
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
|
|
аз соли 2015 | |
|
|
Таваллуд |
12 март 1959 (65 сол) |
Ҳизб | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои иқтисодӣ[d] (2001) |
Унвони илмӣ | устод[d] |
Касб | иқтисоддон, ходими давлатӣ |
Шариф Раҳимзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Шариф Раҳимзода 12 марти соли 1959 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст.
- Соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: молия ва қарз, номзади илмҳои иқтисодӣ. Забонҳои хориҷӣ - русӣ, англисиро озод медонад
- Солҳои 1981-1989 фаъолияти омузгорӣ дар факултаи молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон
- Солҳои 1989-1993 кор дар вазифаҳои гуногун дар Бонки фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 1993-2001 Муовин, Муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
- 01-10 соли 2001 Сардори Раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- октябри соли 2001-2003 Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC, ECSC, EAEC)
- июни соли 2002-2003 ҳамзамон Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Франсия
- Солҳои 2003-2006 Сардори Намояндагӣ дар назди Созмонҳои Европоӣ (EC - Комиссияи аврупоӣ, ECSC - Созмони аврупоӣ оид ба ангишту пӯлод, EAEC - Созмони аврупоӣ оид ба нерӯи атомӣ), Сафири Фавқулодда ва Мухтор дар Шоҳигарии Белгия ва Франсия, Намояндаи доимӣ дар назди Ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), дар назди Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО)
- Солҳои 2006-2008 Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Солҳои 2008-2012 Раиси Бонки миллии Тоҷикистон
- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012 ва бори дуюм 27 ноябри соли 2013 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.
- Шариф Раҳимзода - соли 2015 аз аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V шудааст.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ КМИР рӯйхати вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагонро чоп кард. 9 марти 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июли 2015.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Гурӯҳҳо:
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 12 март
- Зодагони соли 1959
- Зодагони вилояти Хатлон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- Вазирони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати V