Jump to content

Энергия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Нусхаи вироиш аз 08:50, 4 май 2021 тавассути VASHGIRD (баҳс | ҳисса) (Сарчашма: ислоҳи вожаҳо using AWB)
(фарқият) ←Нусхаи кӯҳнатар | Намоиши нусхаи феълӣ (фарқият) | Нусхаи навтарин→ (фарқият)

Эне́ргия (юн.-қад. ἐνέργεια — амал, фаъолият, қувва, нерӯ) — бузургии скаляриест, ки андозаи умумии таъсири мутақобил ва ҳаракати ҳамаи шаклҳои материяро ифода мекунад.

Барои тавсифи миқдори таъсироти мутақобили гуногун ва шаклҳои гуногуни ба онҳо мутобниқи ҳаракат мафҳумҳои «энергияи механикӣ», «энергияи электромагнитӣ», «энергияи ядроӣ», «энергияи дохилӣ», «энергияи химиявӣ» ва ғ. истифода мешаванд. Аммо ин тақсимот шартист.

Энергияи системаи физикӣ ба бузургиҳои тавсифдиҳандаи ҳолати система вобаста аст ва аз нуқтаи назари физикаи классики бефосила тағйир ёфта, ҳар хел қимат гирифта метавонад. Аммо мувофиқи механикаи квантӣ энергияи масалан, атом, танҳо қиматҳои дискретӣ гирифта метавонад.

Воҳиди энергия дар СИ ҷоул (Ҷ) аст.