Юҷин Вигнер
маҷорӣ: Wigner Jenő Pál | |
Таърихи таваллуд | 17 ноябр 1902[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 1 январ 1995[4][2][3][…] (92 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физик |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Michael Polanyi[d] |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Юҷин Пол Ви́гнер (маҷорӣ: Wigner Jenő Pál; 17 ноябр 1902[1][2][3][…], Будапешт, Подшоҳии Маҷористон[d], Утриш-Маҷористон[d] — 1 январ 1995[4][2][3][…], Принстон[d], Ню-Ҷерси[5]) — физикдони назарии аҳли амрико.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1921 дар Мактаби олии техникии Берлин (ҳозира Донишгоҳи техникии Берлин) таҳсил карда, дар коллоквиумҳои ҷамъияти физикҳои олмонӣ, ки дар он олимони машҳури замона М. Планк, В. Гейзенберг, В. Паули, А. Эйнштейн ва дигарон фаъолият мекарданд, ширкат меварзид. Солҳои 1928—1930 дар Олмон дарс додааст. Профессори Донишгоҳи Принстон (1936). Бори нахуст маҳсули истифодабарии назарияи гурӯҳҳо ва ғояҳои симметрияро дар механикаи квантӣ нишон дод (1931). Аз соли 1946 директори озмоишгоҳи Клинтони шаҳри Оукриҷи иёлати Теннесси буд. Дар соҳаи физикаи назарияи ҷисми сахт таҳқиқоти бисёр анҷом дода, дар коркарди аввалин реактори ҳаставии амрикоӣ (1942—1945) иштирок кардааст.
Ба ифтихори ӯ дар физика «ячейкаи Вигнер-Зейтс», «энергияи Вигнер», «формулаи Брайт-Вигнер», «теоремаи Вигнер-Экарт», «функсияи Вигнер», «кристаллбандии Вигнер» номгузорӣ шудаанд. Барои саҳмгузорӣ дар назарияи ҳаставии атом ва зарраҳои бунёдӣ сазовори мукофоти Нобел гаштааст (1963, ҳамроҳи Мария Гёпперт-Майер ва Ҳанс Йенсен). Баъзан Юҷин Вигнерро алломаи илм номида, ҳамзамонон бо Алберт Эйнштейн баробар мекарданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.00 2.01 2.02 2.03 2.04 2.05 2.06 2.07 2.08 2.09 2.10 2.11 2.12 Архив по истории математики Мактьютор — 1994.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Nationalencyklopedin (швед.) — 1999.
- ↑ 4.0 4.1 http://www.britannica.com/EBchecked/topic/643423/Eugene-Paul-Wigner
- ↑ 5.0 5.1 Eugene Wigner (1903-1995) (ингл.)
- ↑ Eugene Wigner, 92, Quantum Theorist Who Helped Usher In Atomic Age, Dies (ингл.) // The New York Times / J. Kahn — Manhattan: New York Times Company, A. G. Sulzberger, 1995. — ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
- ↑ Budapest Journal; Hungarian Fingerprints All Over the 20th Century (ингл.) // The New York Times / J. Kahn — Manhattan: New York Times Company, A. G. Sulzberger, 1998. — ed. size: 443000 — ISSN 0362-4331; 1553-8095; 1542-667X
- ↑ https://hoogleraren.universiteitleiden.nl/s/hoogleraren/item/1490 (нидерл.)
- ↑ JSTOR — 1995. — С. 528.
- ↑ JSTOR — 1995. — С. 527.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вигнер Юҷин Пол // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 ноябр
- Зодагони соли 1902
- Даргузаштагони 1 январ
- Даргузаштагони соли 1995
- Фавтидагони Ню-Ҷерсӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо