Ян ван Гойен

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ян ван Гойен
ҳол. Jan van Goyen
Суратҳо
Таърихи таваллуд 13 январ 1596(1596-01-13)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 27 апрел 1656(1656-04-27)[1][2][5][…] (60 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр наққошии манзара[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ян ван Гойен (ҳол. Jan Josephsz. van Goyen [ˈjɑn vɑŋˈɣoːjə(n)], 13 январи 1596, Лейден — 27 апрели 1656, Гаага) — мусаввири манзаранигор, тарроҳи ҳолландӣ; яке аз поягузорони ҳунари тасвирии реалистии Ҳолландия дар асри 17.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Лейден (аз соли 1618) ва Гаага (аз соли 1634) кор кард. Корҳои нахустини ӯ (мусаввараҳои жанрию манзаравӣ) ба осори Э. Ван дe Велде, ки дар назди вай (1616-17) таълим гирифта буд, қаробат доштанд. Аз охири солҳои 1920 дар мусаввараҳои Ян ван Гойен манзараи соф бо ашёи аз лиҳози андоза кӯчакшуда («Киштии гузаро», 1625) бартарӣ пайдо мекунад. Осори солҳои 1630-40-и ӯ имкон дод, ки дар бораи Ян ван Гойен ҳамчун мусаввири манзаранигор сухан гӯянд. Яке аз мавзӯъҳои асосии осори ӯ манзараҳои дарёиянд: «Чашмандозе бар Оверсхи», 1635; «Дуриҳо», 1641. Ян ван Гойен намоди бисёре аз ш-ҳои Ҳолландия, ба вижа Нейменген ва Дордрехтро кашидааст. Ӯ дар тасвири манзараҳои зимистон устод буд («Конкитозон», 1641; «Дар рӯи яхи наздикии Дордрехт», 1644; «Зимистони атрофи Гаага», 1645). Ян ван Гойен дар диёри худ бисёр саёҳат кардааст, то албомҳоеро аз лавҳаҳои гуногун оро диҳад. Аз ӯ чаҳор албом ва авроқи парокандае маҳфуз мондаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Jan Josefsz. van Goyen (нидерл.)
  2. 2.0 2.1 Jan van Goyen — 2009.
  3. Jan Josefsz. Van Goyen (ингл.)OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
  4. 4.0 4.1 Гойен Ян ван // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. KulturNav (ингл.) — 2015.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фехнер Е. Ю. Голландская пейзажная живопись XVII века в Эрмитаже. Л., 1963;
  • Голландская живопись в музеях Советского Союза. Л., 1984;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (2). М., 2008.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]