Бехатарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бехатарӣ — вазъи собит ва бидуни хатар, ки ба воситаи корбурди силсилаи чораҷӯиҳо амалӣ мегардад. Истилоҳи Бехатарӣ ба таври васеъ дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ мавриди истифода қарор гирифтааст. Масалан, дар Бехатарии дастаҷамъӣ, ки дар амалияи муносиботи байналхалқӣ дар доираи Лигаи Миллатҳо аввалин бор соли 1922 истифода шудааст, низоми амали муштараки давлатҳо мушаххас гардида, мувофиқи Ойинномаи СММ бо мақсади дастгирии сулҳу амнияти байналхалқӣ, ба муқобили ҳама гуна амалҳои таҷовузкорона, сафарбар шудааст. Созмонҳои умумиҷаҳонӣ ва минтақавии бехатарӣ тибқи созишномаҳо барои дифои дастаҷамъии хеш низоми амалҳои муштаракро дар сурати содир шудани иқдомҳои таҷовузкорона ба амал мебарорад. Навъҳои гуногуни Бехатарӣ бо номҳои Бехатарии байналхалқӣ, Бехатарии озуқаворӣ, Бехатарии иқтисодию иҷтимоӣ, Бехатарии экологӣ, Бехатарии энергетикӣ, Бехатарӣ (дар иттилоот) ва ғ. мавҷуданд.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]