Амният
Jump to navigation
Jump to search
Амният — маҷмӯи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, маъмурӣ, сиёсӣ, ки дар онҳо муҳофизати манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷомеа, давлат аз ҳодисаҳо ва таъсироти зарарноки муҳити зист, ҳамчунин аз дигар навъи таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ мадди назар гирифта мешавад. Ин истилоҳ дар даврони муосир хеле маъмул буда, ба аксари ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсатшиносӣ ворид шудааст.
Ҷомеа ва арзишҳои моддию маънавии он, давлат ва сохти конститутсионӣ, истиқлол ва тамомияти ҳудуди он аз объектҳои асосии амнияти шахс ва ҳуқуқу озодиҳои он мебошанд.
Ҳамчунин нигаред[вироиш]
- Амнияти байналмилалӣ
- Амнияти миллӣ
- Амнияти хӯрокворӣ
- Амнияти иқтисодӣ
- Амнияти иҷтимоӣ
- Амнияти экологӣ
- Амнияти энергетикӣ.
Эзоҳ[вироиш]
Сарчашма[вироиш]
- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2017, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.