Jump to content

ҶДММ «Спитамен Ойл»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ҶДММ «Спитамен Ойл» - Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамани вилояти Суғд воқеъ аст.

13 сентябри соли 2016 дар ноҳияи Спитаман бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» баргузор гардид. Корҳои сохтмонӣ дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Спитамен Ойл» соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда дар остонаи таҷлил аз ҷашни 25-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфтааст. Кори истеҳсолот дар коргоҳҳои алоҳида ҷараён гирифта аз марҳилаҳои фишордиҳӣ, ҷабидан, доғкунӣ ва бастабандӣ иборат мебошад. Корхона дорои ду деги бухорӣ ва дегхонаи равғангармкунӣ бо иқтидори 2 млн килокалория дар як соат буда, ҳамчунин анбори захираи ашёи хом барои 12 ҳазор тонна, анборҳои равғани нимтайёр ва тоза барои 150 тонна, инчунин анбори хӯроки чорвою паранда барои 1000 тонна дорад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҶДММ «Спитамен Ойл» асосан коркарди тухмии техникӣ аз ҳисоби маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуда барои бунёди он 32 миллион сомонӣ харҷ шудааст.[1]