Ҷозибаҳои гардишгарӣ
Ҷозибаҳои гардишгарӣ (форсӣ: جاذبههای گردشگری), диданиҳо, ё ҷойҳои диданӣ — ба таври куллӣ ба тамоми вежагиҳои минтақае гӯянд, ки битавонад афродро барои мақсадҳои мухталиф аз ҷумла мақсадҳои тиҷорию бозаргонӣ, мақсадҳои тафреҳию саргармӣ, мақсадҳои фарҳангӣ, ёдгирӣ ва омӯзишӣ, ба худ ҷазб намояд, ва дар ростои ин ҷазб, барои ҳифз ва пойдории вежагиҳои он минтақа ва эҷоди манофеъ ва масолеҳ барои сокинони он минтақа, муфид воқеъ шавад.
Навъҳои ҷозибаҳои гардишгарӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷозибаҳои гардишгариро куллан ба равиши фарогири дастабандӣ бар пояи ҷозибаҳои биношуда бар вежагиҳои муҳити зист, ҷозибаҳои биношуда бар фаъолиятҳои инсонӣ ва ҷозибаҳое, ки ба таври дастсоз ва маснӯъӣ тавассути инсон офарида шудаанд, дастабандӣ менамоянд.[1]
Албатта ҳаркдом аз ин дастаҳо дорои зершохаҳое аст, ки дар зер ба онҳо пардохта мешавад:
Ҷозибаҳои табиъӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- обуҳаво
- чашмандозҳои табиӣ
- навоҳии соҳилӣ ва дарёӣ
- пӯшиши гиёҳӣ ва ҳаёти ҷонварӣ
- вежагиҳои барҷаста зистмуҳитӣ
- поркҳо ва манотиқи ҳифозатшуда
- гардишгарии саломатӣ
- чашмаҳои оби маъданӣ ва оби гарм
- сайргоҳҳои режими ғизоӣ ва саломатии физикӣ
Ҷозибаҳои фарҳанги
[вироиш | вироиши манбаъ]- манзилгоҳҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва бостонӣ
- улгуҳои шохис ва барҷастаи фарҳангӣ
- санъатҳои дастӣ ва ҳунарҳо
- фаъолиятҳои иқтисодии ҷолиби таваҷҷуҳ: киштзорҳои чой, истифода ар неруи филҳо дар ҷангалҳои гармсерӣ, истифода аз техникаҳои суннатии кишоварзӣ, моҳигирӣ ва монанди он
- навоҳии ҷаззоби шаҳрӣ
- музейҳо ва дигар таҳсилоти фарҳангӣ
- рӯйдодҳо ва ҷашнвораҳои фарҳангӣ
- меҳрварзӣ ва вежагиҳои рафтории сокинони минтақа
Навъҳои ҷозибаҳои вежа
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷозибаҳои вежа, ки ба вежагиҳои фарҳангӣ ва табиъӣ вобаста нестанд ва ба сурати маснӯъӣ халқ шудаанд:
- поркҳои маснӯъӣ, поркҳои саргармкунанда ва сиркҳо
- харид
- конфронс, ҳамоиш ва нишастҳо
- рӯйдодҳои хосс
- тафреҳ ва саргармӣ
- варзиш ва тафреҳоти варзишӣ
Дигар ҷозибаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар бархе мавқеъҳо вежагиҳои зер худ табдил ба ҷозиба мешаванд ё ба унвони яке аз авомили кашишӣ ба ҷазби гардишгарӣ ёрӣ мерасонанд:
- хадамот ва тасҳилот ҷаҳонгарди ба унвони яке аз авомил ангезишӣ ва ҷозиба барои ҷаҳонгарди
- меҳмонсароҳо ва сайргоҳгоҳҳо
- ҳамлу нақл
- хӯрок ва нӯшиданӣ
- қавм, мазҳаб ва вобастагиҳои ватанӣ
- ҳазинаҳои арзони мусофират
- суботи сиёсӣ, саломатӣ, амният ва дигар мулоҳизот
Ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷойҳои тамошобоби Тоҷикистон зебо ҳастанд, фарҳанг ва тамаддуни тоҷикӣ бисёр ғанӣ аст. Аз беҳтарин Ҷойҳои тамошобоб барои дӯстдорони табиат Ҳафткӯл, Кӯли Алоуддин, Искандаркӯл ва Сарез мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Эдуард Инскип, Барномарезии гардишгарӣ, рӯйкарде ҳампайванд ва пойдор
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
Ҷозибаҳои гардишгарӣ дар Викианбор |