Ҷӯроббофӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ҷӯроббофӣ

Ҳунари қадимаи мардуми кӯҳистон буда, тайёр кардани як навъ пойпӯши маъмулан пашмин мебошад. Ҷӯробро аз қадимулайём тоҷикони кӯҳистон, аз ҷумла Помир, дар рӯзҳои тӯй, ид ба меҳмонон туҳфа мекарданд, ки ин анъана то имрӯз давом дорад. Ҷӯроб аз қисми соқ, пошна ва пошнача иборат аст. Онро ҳар бофанда мувофиқи завқу маҳораташ гулпартоӣ мекунад. Ду навъи ҷуроб: мӯзаҷуроб (дароз) ва ҷӯробак (кӯтоҳ) маъмул аст. Ҳамчунин ду тарзи бофтани ҷуроб вуҷуд дорад: яксиха ва панҷсиха. Дар ВМКБ фаъол аст. [1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

1. Сатторова Г. Ҷўроб // ЭСТ, ҷ.8. Д., 1988, с.509.

2.Широкова З.А. Одежда // Таджики Каратегина и Дарваза. Вып.2, Д., 1970.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 109