Академияи шеъри ҷаҳон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акаде́мияи шеъри ҷаҳо́н, Фарҳангистони шеъри ҷаҳон — иттиҳодияи ҷамъиятии байналмилалии адабӣ, фарҳангии ғайридавлатӣ, ки дар асоси принсипҳои демократӣ, озодии сухан, баробарҳуқуқии ҳамаи аъзояш амал мекунад.

Таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1998 бо ибтикори Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор таъсис дода шудааст (18. 9. 2008 дар Вазорати адлияи ҶТ муҷаддадан сабти ном гардид). Самтҳои фаъолияти Академияи шеъри ҷаҳон: омӯзиши шеъри ҷаҳон, ҷараёнҳои нави адабӣ, тарҷума ва нашри осори адибони машҳури дунё, таҳкими равобит ва дӯстии байни эҷодкорони кишварҳои гуногун, дастгирии ҷавонони соҳибистеъдод, ташкили сафарҳои илмӣ-адабӣ барои омӯзиш ва гирдоварии эҷодиёти шифоҳии халқ, баргузор кардани анҷуманҳо, конференсияҳои илмию адабӣ, симпозиумҳо, ҳамоишҳо, маҳфилҳо ва ғ. (дар ҳамкорӣ бо иттиҳодияҳои эҷодии дохили ҷумҳурӣ ва хориҷ аз кишвар). Ба узвияти шахсони машҳури ҷаҳон, новобаста аз шаҳрванди кадом кишвар буданашон ва ё корхонаҳову муассисаҳо, соз-мону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, эҷодӣ дар асоси ариза ва қарори раёсати Академияи шеъри ҷаҳон пазируфта мешаванд. Академияи шеъри ҷаҳон дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ шӯъбаҳо дорад.

Аъзои академия[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин аъзои академия аз Тоҷикистон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон мебошанд. Ба узвияти А. Казакова Р., А. Вознесенский (Россия), Б. Олейник, И. Драч (Украина), О. Сулаймонов (Қазоқистон), В. Некляев (Белоруссия), Зарринкӯб, Муҳаммадшафеи Кадканӣ, Қайсари Аминпур (Эрон), Валиуллоҳи Ансорӣ (Ҳиндустон) ва дигар адибон интихоб шудаанд.

Аз ҷониби Академияи шеъри ҷаҳон якчанд CD – албомҳои «китоби гӯё» – «Тӯфони ишқ» (шеърҳои Ҷалолуддини Румӣ, ровӣ Гулрухсор; сурудҳо бар матни ашъори Мавлоно дар иҷрои ҳофизони тоҷик), «Машриқи пиёла», (ашъори Ҳофиз, ровӣ Гулрухсор), «Соғари хамёза» (Бедил, ровӣ Гулрухсор), «Ориёно» (мунтахаби ашъори Гулрухсор, ровӣ худи шоира, бо таронаҳои қадимии суғдӣ, шуғнӣ, классикӣ ва ғ. дар иҷрои сарояндагони тоҷик) сабт гардидаанд. Академияи шеъри ҷаҳон инчунин маҷмӯаҳои ашъори Ҷалолуддини Румӣ, Симини Беҳбаҳонӣ, Қайсари Аминпур, Рустами Ваҳҳоб, Сиёвуш ва дигаронро ба табъ расондааст. Академияи шеъри ҷаҳон дар ҷумҳуриҳои ИДМ, кишварҳои Шарқ, Европа, ШМА ҳамоишҳои адабию фарҳангӣ, базми шеъру тарона баргузор кардааст ва ин фаъолияташ идома дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]