Мӯъмин Қаноат
Муъминшоҳ Қаноатов | |
Таърихи таваллуд: | 20 май 1932 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Дарвоз, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт: | 18 май 2018 (85 сол) |
Маҳалли даргузашт: | Душанбе |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда |
Солҳои эҷод: | аз 1960 |
Жанр: | достон, шеър |
Забони осор: | забони тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: | |
cit.tj/mumin/index.php?i… |
Муъмин Қаноат (форсӣ: مؤمن قناعت; 2 май 1932 ё 20 май 1932[1], ноҳияи Дарвоз, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон — 18 май 2018, Душанбе) — шоир, ходими давлатӣ, Шоири халқии Тоҷикистон. Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991), Дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977), Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980).[2]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Устод Муъмин Қаноат 2 майи соли 1932 дар деҳаи Курговад дар Дарвоз дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Таҳсилоташро дар мактаби рустояш фаро гирифта, сипас дар колхоз кор кардааст. Нахустин ашъораш дар поёни даҳаи 40-уми садаи бист дар рӯзномаи вилоятии Ғарм чоп шудаанд. Вай соли 1956 бахши забоншиносии тоҷикӣ дар донишкадаи ториху забоншиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст. Солҳо дар ҳайъати таҳририяи маҷаллаи «Садои Шарқ» кор карда нахуст масъули бахши назм, сипас дабири масъули маҷалла буд. Чанд замоне ҳам сарвиростории нашриёти «Ирфон» -ро бар зимма дошт.[3]. Аз соли 1961 то соли 1991 узви Иттиҳодияи нависандагони ИҶШС буд. Мудири шуъбаи назм, котиби масъули маҷаллаи «Садои Шарқ» (1956—1966), муовини раиси Садорати ИНТ (1968—1976), аз 1976 то 1991 котиби якуми Раёсати Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. Директори Институти осори хаттии АИ ҶТ (1991). Раиси Кумитаи корҳои байналхалқии Шӯрои Олии ИҶШС (1991). Замоне узви Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (аз 1962 то оғози даҳаи 1990), узви Кумитаи Марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Намояндаи халқии ИҶШС (1989—1991)(иҷлосияи X—XI), котиби Раёсати Иттиҳоди нависандагони ИҶШС, раиси Кумитаи тоҷикистонии пуштибонӣ аз сулҳ, узви Кумитаи ҷоизаҳои ленинӣ ва давлатӣ дар бахши адабиёт, ҳунар ва меъморӣ, узви Кумитаи Шӯравии ҳамдилӣ бо кишварҳои Осиё ва Африко буд. Муъмин Қаноат нимаи дуюми рӯзи 18 майи соли 2018 дар манзилаш дар маҳаллаи Ҳаёти нав ш Душанбе вафот кард. Маросими дафни Муъмин Қаноат рӯзи 19 май доир гардид ва дар Лучоб ба хок супорида шуд. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони Муъмин Қаноат нисбати марги ӯ изҳори таслият кардааст.[4]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Нахустин маҷмӯаи ашъори Муъмин Қаноат соли 1960 бо номи «Шарора» ба табъ расида буд. Соли 1977 барои достонҳои «Сурӯши Сталинград» ва «Модарнома» ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравиро дарёфт кард. Ин достонҳо сипас чун осори сарфарозшуда ба ҷоизаи давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ борҳо мунташир ва ба дигар забонҳо баргардон шудаанд: аз он ҷумла, ба русӣ «Голоса Сталинграда», «Советский писатель», М., 1979 ва нашриёти «Ирфон» (1979), дар Фрунзе ва Нуқусе (1980). Чопи қирғизии ин осор «Достони Оташ» ва ғазалҳои устодро низ дар бар дошт. Узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. То кунун беш аз 12 маҷмӯаи ашъораш нашр шудааст. Достонҳои «Сурӯши Сталинград», «Тоҷикистон — исми ман», «Гаҳвораи Сино», «Масъуднома» ва силсилаи «Созҳои Шероз» ӯро аз маъруфтарин шоирони порсигӯйи садаи 20 кардаанд. Яке аз тозатарин осораш достони «Масъуднома» аст, ки дар бораи Шаҳид Аҳмадшоҳ Масъуд суруда шудааст.
Мукофот ва Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шоири халқии Тоҷикистон,
- ордени Нишони Байрақи Сурхи Меҳнат,
- «Нишони Фахрӣ»,
- Сипосномаҳои Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ва Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Беларус,
- нишонҳои ифтихории КМ ВЛКСМ «Барои кори сахткӯшона», «Барои ширкати фаъол дар кори комсомол» ва дигарҳо сарфароз гардондаанд.
- Ҷоизаи давлатии ИҶШС (1977),
- Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ(1980).[5]
Китобшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мумин Каноат на www.pisateli.freenet.tj (Писатели Таджикистана) // «Писатели Таджикистана», Душанбе: «Ирфон», 1986 Бойгонӣ шудааст 29 Январ 2010 сол.
Шеър дар васфи забони тоҷикӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]муаллиф Мӯъмин Қаноат
|
Ёдгорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Осорхонаи адабии Муъмин Қаноат 7 ноябри соли 2022 дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз осорхона ва пайкараи Шоири халқии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
- Моҳи июни соли 2022, қуллаи Маяковский дар ВМКБ расман ба номи Муъмин Қаноат гузошта буданд.[7]
- Пайкараи шоир Шоири халқии Тоҷикистон Муъмин Қаноат дар деҳаи Умараки ноҳияи Дарвоз ҷойгир шуда, гирдогирди он бо санги мармари истеҳсоли корхонаҳои саноатии ноҳия оро ва сабзу хуррам гардонда шудаст. Дар осорхона асарҳои гаронбаҳо, аксу мусаввараҳои таърихӣ бо чеҳраҳои шинохтаи кишвар, мукофотҳои давлативу ҷамъиятӣ, ки аз фаъолият ва эҷоди устод нақл мекунанд, ҷой дода шудаанд. [8]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Deutsche Nationalbibliothek Record #118882589 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
- ↑ Муъмин Қаноат дар сомонаи www.pisateli.freenet.tj (Писатели Таджикистана) // «Писатели Таджикистана», Душанбе: «Ирфон», 1986. 9 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Январ 2010.
- ↑ ПАЁМИ ТАСЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ПАЙВАНДОНИ МӮЪМИН ҚАНОАТ(пайванди дастнорас)
- ↑ Муъмин Қаноат
- ↑ Муъмин Қаноат БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
- ↑ Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи устод Муъмин Қаноат(тоҷ.). www.iza.tarena.tj. 17 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи устод Муъмин Қаноат(тоҷ.). www.iza.tarena.tj. 17 июни 2024 санҷида шуд.
- ↑ Sputnik Тоҷикистон. Ифтитоҳи осорхона ва пайкараи Мӯъмин Қаноат дар ноҳияи Дарвоз(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20221108T1840+0500). 9 ноябри 2022 санҷида шуд.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 май
- Зодагони соли 1932
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Дарвоз
- Даргузаштагони 18 май
- Даргузаштагони соли 2018
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Шоирон аз рӯи алифбо
- Шоирони тоҷик
- Шоирони Тоҷикистон
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Адибон аз рӯи алифбо
- Зодагони 2 май
- Аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Шоирони халқии Тоҷикистон