Jump to content

Абдуллоҳ ибни Тоҳир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳ ибни Тоҳир
форсӣ: عبدالله بن طاهر‎)
828 — 845

Таваллуд тақрибан 798[1]
Даргузашт ноябри 844[1]
Дудмон Тоҳириён
Падар Тоҳир ибни Ҳусайн
Фарзандон Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Тоҳир, Тоҳир ибни Абдуллоҳ ва Сулаймон ибни Абдуллоҳ

Абдуллоҳ ибни Тоҳири Хуросонӣ (ар. عبد الله بن طاهر الخراساني‎; тақрибан 798[1], Нишопурноябри 844[1], Нишопур) — сарлашкари хуросонӣ, амири Миср (826—827), амири тоҳирии Хуросон (828—845), писари Тоҳир ибни Ҳусайн.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳ пас аз марги бародараш Талҳа ба аморати Хуросон нишаст. Абдуллоҳ дар замони ҳаёти падараш шаҳнаи Бағдод буд. Вай мисли падараш дар фурӯ нишондани нооромиҳои сарзаминҳо ва қиёмҳои мулуки араб нақши муассир гузошт. Абдуллоҳ тавонист шӯришҳои умарои араб, ба монанди Наср ибни Шабас (824—825), қиёмҳои Ироқ, саркашии Убайдуллоҳ (825—826) ва ҷунбишҳои Мисрро фурӯ нишонад. Абдуллоҳ соли 829 тибқи фармони халифа барои фурӯ нишондани тохтутози хавориҷ дар Хуросон ба он вилоёт фиристода шуд. Абдуллоҳ дар соли 830 ба Нишопур расид ва онро пойтахти худ интихоб кард. Дар муддати понздаҳ соли ҳукуматаш (830—845) эҳтироми хулафои Аббосиёнро риоят мекард. Халифа Мӯътасим (833—842) бар хилофи Маъмун нисбат ба Абдуллоҳ хушбин набуд. Абдуллоҳ қабл аз маргаш, илова бар Хуросон, ҳамчунин бар вилоёти Рай, Ҷибол, Мозандарон, Табаристон, Руён ва Кирмон фармонравоӣ мекард. Ҳамзамон фармондеҳи низомиёни Бағдод буд. Сиёсати Абдуллоҳ нисбат ба халифаи аббосӣ мусолиматомез ва дӯстона буд. Вай саъй мекард то хашми халифаро нисбат ба худ ва дудмонаш барнаангезад. Абдуллоҳ адиб ва шоир ҳам буд ва монанди падараш ба арабӣ шеър мегуфт. Ба мусиқӣ алоқа дошт ва баъзе оҳангҳоро ба ӯ мансуб донистаанд. ӯ монанди падараш рӯҳияи арабӣ ва таассуб ба мазҳаби ислом дошт ва китобҳои эрониёни қабл аз исломро оташ мезад.

Идораи Хуросон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Халифа Маъмун писари дигари Тоҳир Абдуллоҳро, ки дар ҷабҳаҳои дигари хилофат бо шӯришиён мубориза мебурд, барои сомон бахшидани авзои ноороми Хуросон бар ин вилоят амир таъйин кард. Абдуллоҳи Тоҳир (830844) хирадмандтарин намояндаи Тоҳириён маҳсуб мешавад. Халифа Мӯътасим барои костани нуфузи Тоҳириён мухолифони онҳоро ба шӯриш таҳрик мекард. Абдуллоҳ ба умури кишоварзӣ аҳамияти зиёд медод ва дар ин самт ислоҳот низ гузаронид. Ӯ барои ҳимояи кишоварзон кормандони хироҷро вазифадор кард, ки ба ситаму бедод хотима диҳанд. Дар он замон ба навиштаи муаррихи тоҷик Гардезӣ миёни кишоварзон барои корезҳо хусуматҳо сурат мегирифт, бо супориши Абдуллоҳи Тоҳир фақеҳон китобе таълиф карданд, ки барои ҳалли ин гуна мушкилҳо дар асрҳои минбаъда ҳам хидмат кард. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар давраи ҳукумати ӯ Абдуллоҳи Тоҳир ҳеч норозие набуд ва шӯришҳои зиёде, ки зери шиорҳои мазҳабӣ дар Сиистон рух медод, ҳикоят аз мавҷуд будани ситамгарӣ ва бедодӣ аст. Бо вуҷуди ин, дар идораи Хуросон аз пешгузаштагон ҳеч кас мисли ӯ муваффақ набуд, зеро мулкро комилан мустақилона идора мекард ва пойтахтро низ ба Нишопур овард.

«Ҳакими Оли Тоҳир»

[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдуллоҳи Тоҳир ба илму адаб алоқаи зиёд дошт, зеро дар Бағдод таҳти назорати халифаи донишманд Маъмун тарбият гирифта буд. Худи Маъмун ба Абдуллоҳи Тоҳир мегуфт, ки «дар ту ҳеч айбе нест, ҷуз он ки ба шеър ва аҳли он алоқаи бисёр дорӣ». Намунаи дигари илмдӯстиву маърифатпарварии Абдуллоҳ он буд, ки дастур дод, кӯдакони ятиму бепарастор низ аз мактаб дур намонанд ва саъй мекард, то таълиму тарбияти иљбориро ба роҳ монад. Барои он давра ин тадбири некандешона як гоми бузург буд. Ӯ нисбат ба бародарзодааш Мансур ибни Талҳа, ки ҳокими Марв, Омӯл ва Хоразм буд муҳаббати бепоён дошта, ӯро «ҳакими Оли Тоҳир» меномид ва бо ӯ мефахрид. Набояд фаромӯш кард, ки фарқи Абдуллоҳ аз падараш он буд, ки ӯ дар муҳити арабӣ таҳсил карда, нисбат ба суннатҳои адабиву фарҳангии то исломӣ ва забони форсӣ (тоҷикӣ) бегона буд. Абдуллоҳ дар шаҳри Нишопур китобхонаи бузурге таъсис дод, ки донишмандон ва дигар хоҳишмандон аз он истифода мекарданд. Олимони зиёде аз тарафи Тоҳириён ба Нишопур даъват шуда, дар ин шаҳр мезистанд ва аз ёрии амирони тоҳирӣ бархурдор мегаштанд. Ба дарбори хилофати Бағдод пайравӣ карда, амирони тоҳирӣ дар Нишопур базмҳои шеъру мусиқӣ доир менамуданд, ки беҳтарин шоирону аҳли санъат дар он иштирок мекарданд. Аммо шеъри арабӣ дар ин базмҳо бештар садо медод. Дар ин давра теъдоди ғуломони турк дар Хуросон ва Мовароуннаҳр меафзояд ва тиҷорати ғуломон яке аз манбаҳои хуби даромад дар саросари қаламрави хилофат буд.[2]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. AshtianyUSA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011. — С. 96.