Абдурозиқ Холиқов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурозиқ Холиқов
Абдурозиқ Холиқов
Таърихи таваллуд 17 декабр 1949(1949-12-17) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рудакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

Абдурозиқ Холиқов (тав. 17.12.1949, деҳаи Куҳдараи Роҳатии ноҳияи Ленин) — олим, номзади илмҳои физика ва математика (1983), дотсент (1988).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1966–1972 дар шуъбаи шабонаи факултети механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1972–1973 афсари Артиши Шӯравӣ, 1973–1978 ассистент, 1978–1981 аспирант, 1981–1985 муаллими калони кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1985–1996 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, 1996–1999 дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1999 дотсенти кафедраи математика ва информатика, раиси Комитети иттифоқҳои касабаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Оид ба масъалаҳои стреометрия, тадқиқ ва методикаи ҳалли онҳо кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 35 номгӯи мақолаҳои илмию методӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Тағйири талаботи баъзе масъалаҳои геометрӣ ва тарзи ҳалли онҳо // Мактаби советӣ, 1981, №7; Тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо доир ба исбот // Мактаби советӣ, 1985,

№5.

  • Геометрия (Китоби дарсӣ барои синфҳои 10–11, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2000;

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]