Абубакри Сиддиқ
Абубакри Сиддиқ | |
---|---|
араб. أبو بكر | |
Пешгузашта: | Муҳаммад |
Ҷонишин: | Умар ибни Хаттоб |
Иттилооти инфиродӣ | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Абубакри Сиддиқ Абдуллоҳ ибни Усмон ибни Омири Қурайшии Тайимӣ |
Лақаб: | сиддиқ |
Касб, шуғл: | сиёсатмадор, шоир, бозаргон |
Таърихи таваллуд: | тақрибан 27 октябр 573[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | Макка |
Таърихи даргузашт: | 23 август 634[1][4] (60 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Миллат: | араб[6] |
Эътиқод: | ислом |
Падар: | Abu Quhafa[d] |
Модар: | Salma Umm-ul-Khair[d] |
Ҳамсар | Qutaylah bint Abd-al-Uzza[d], Fatima bint Zaid[d], Asma bint Umays[d] ва Habiba bint Kharija[d] |
Фарзандон: | Оиша бинти Абубакр[7], Abd Allah ibn Abi Bakr[d], Abdu'l-Rahman ibn Abi Bakr[d], Асмо бинти Абубакр, Muhammad ibn Abi Bakr[d] ва Umm Kulthum bint Abi Bakr[d] |
Ҷанг: | |
Нуфуз: | суннӣ |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Абубакри Сиддиқ Абдуллоҳ ибни Усмон (Абуқуҳофа) ибни Омир ибни Каъби Таймии Қурайшӣ (ар. أبو بكر الصديق; 51 қ. ҳ./573 м., Макка. – 13 ҳ./834 м., Мадина) — саҳоба ва нахустин халифаи расули Худо (с) ва яке аз бузургони араб. Абубакри Сиддиқ аввалин касе аз мардон аст, ки ба паёмбари акрам (с) имон овард.
Шахсияти Абубакр дар Ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Вай пеш аз беъсат аз дӯстон ва ёрони наздики паёмбар (с) буд. Расули Худо (с) дар бораи ӯ фармудааст: «Ҳеҷ касро ба ислом даъват накардам, магар ин ки лағжиш ва дудилагиву назаре дошт, ба ҷуз Абубакр, вақте ӯро ба ислом даъват кардам, дар қабули он тараддуд ва даранге накард» (ас-Сирату-н-набавия аз Абушаҳиба. – Ҷ, 1. – С. 284). Вай соҳиб (ҳамроҳ)-и расули Худо (с) дар ғор ва дар ҳиҷрат буд ва бо лақабҳои «Атиқ», «Сиддиқ», «Соҳиб», «Атқо» ва «Аввоҳ» мулаққаб гашта буд, ки баъзе аз онҳоро расули Худо (с) ба ӯ дода ва баъзеаш дар Қуръон дар васфи вай зикр шудаанд. Ибни Исҳоқ мегӯяд: «Ӯ марде дӯстдоштанӣ, нармхӯ ва барои қавмаш маънус буд; аз ансоби Қурайш беш аз ҳама огоҳӣ дошт ва хубу бади онҳоро медонист; марде тоҷир буд ва ба ахлоқи хубу некӯкорӣ шуҳрат дошт; мардони қавмаш барои ҳар коре назди ӯ меомаданд ва барои илму огоҳӣ, тиҷорат ва ҳамнишинии хушаш ва ба хотири хубиҳои зиёде, ки дошт, ӯро дӯст медоштанд» (Сираи Ибни Ҳишом. – Ҷ. 1. – С. 239), аз назари илмӣ, адабӣ ва иҷтимоӣ низ дорои захираи азими фарҳангӣ ва ҷойгоҳи баланде дар байни Қурайш буд. Аз ин рӯ, вақте ба даъвати ислом пардохт, шахсиятҳое ба мисли Усмон ибни Аффон, Абдурраҳмон ибни Авф, Саъд ибни Абуваққос, Зубайр ибни Авом ва Талҳа ибни Убайдуллоҳ бо даъвати ӯ ба ислом гаравиданд.
Абубакри Сиддиқ дар замони нубувват мавқеъҳои бузурге дар дифоъ аз ислом ва паёмбари акрам (с) дошт, аз ҷумла ривоят шуда, ки расули Худо (с) рӯзе дар Ҳиҷри Каъба намоз мегузорид, ки ба ногоҳ Уқба ибни Абумуъайт биёмад ва либосашро ба гардани вай ниҳод ва ӯро сахт фишурд ва гулӯгир кард. Дар ин вақт Абубакри Сиддиқ даррасид, аз китфони Уқба бардошт ва аз расули Худо (с) дураш сохт ва гуфт: «Оё мекушед мардеро ба ин ки бигӯяд Парвардгори ман Аллоҳ аст» (Ғофир, 28; Саҳеҳи Бухорӣ, 3856). Вай дар тамоми ғазавот ширкат намуд, сахтиҳоеро дар роҳи ислом мутаҳаммил шуд, молашро дар роҳи Худо инфоқ кард ва илова бар ин, исломро бо мардону заноне, ки аз ғуломӣ озод месохт, қувват медод. Рӯзи вафоти паёмбар (с) – рӯзи душанбе 12-и моҳи рабеъулаввали соли 11 ҳ./632 м. (ал-Бидоя ва-н-ниҳоя. – Ҷ. 8. – С. 106–110) муҳоҷирон ва ансор дар Сақифаи банӣ Соъида пас аз машварат ва шунидани назарҳои якдигар бо ризояти умум бо вай ба хилофат байъат карданд, ба ҷуз Алӣ ибни Абутолиб, Зубайр ибни Аввом ва чанд нафаре аз банӣ Ҳошим, ки тибқи баъзе ривоёт дар хонаи Фотима (р) ва тибқи баъзе ривоёти дигар бо супориши Абубакри Сиддиқ ба амри расули Худо (с) машғул буданд. Ва он байъати хосса бо Абубакри Сиддиқ буд. Рӯзи баъд – сешанбе мардум дар Масҷиди Набавӣ гирд омаданд, Абубакри Сиддиқ бо дархост ва исрори Умар ба минбар баромад ва оммаи мардум бо вай байъат карданд (Саҳеҳи Бухорӣ, 7219).
Бино ба ривоятҳои саҳеҳ Алӣ ва Зубайр рӯзи сешанбе дар зимни байъати оммаи мардум бо Абубакри Сиддиқ байъат карданд. Абусаъиди Худрӣ мегӯяд: Абубакр (р) вақте ба минбар нишаст, ба чеҳраҳои мардум нигоҳ кард ва Зубайр ибни Аввомро дар он миён надид. Ӯро даъват кард ва гуфт: Эй писарамма ва ҳавории расули Худо (с), оё мехоҳӣ асои мусулмононро бишканӣ?! Зубайр гуфт: Эй халифаи расули Худо (с), сарзанише бар ту нест, он гоҳ бархост ва бо вай байъат кард. Боз ба сӯи мардум нигоҳ кард ва Алӣ ибни Абутолибро надид. Ӯро низ даъват кард ва гуфт: Эй писарамак ва домоди расули Худо (с), оё мехоҳӣ асои мусулмононро бишканӣ?! Алӣ гуфт: Эй халифаи расули Худо (с), сарзанише бар ту нест ва бархост ва бо вай байъат кард (ал-Бидоя ва-н-ниҳоя. – Ҷ. 2. – С. 87–92; Холидӣ. ал-Хулафоу-р-рошидун. – С. 54, 55). Пас аз он Алӣ ҳеҷ гоҳ аз Абубакри Сиддиқ ҷудо набуда ва ҳеҷ намозеро бе имомати вай нагузоридааст. Аз баъзе ривоёти саҳеҳ бармеояд, ки Алӣ рӯзи аввал ба Абубакри Сиддиқ байъат кардааст ва ба гуфтаи баъзе муаррихон вай бо ин вуҷуд пас аз вафоти Фотима (р) боз байъати худро бо Абубакри Сиддиқ таҷдид кард (ал-Бидоя ва-н-ниҳоя. – Ҷ. 2. – С. 91–92). Аммо он чи дар баъзе таърихҳо омада ва дар миёни мардум роиҷ аст, ки Алӣ ба сабаби қаробати наздике, ки бо расули Худо (с) дошт, худро ба хилофат авлотар медонист ва то замони ҳаёти Фотима (р) бо Абубакри Сиддиқ байъат накард, аз ҷиҳати нақди ривоӣ сиҳҳат ва асос надоранд. Алӣ (ба мардуми Ироқ) гуфт: «Ҳукм кунед ҳамон гуна ки қаблан (дар замони Абубакр ва Умар дар бораи умми валад) ҳукм мекардед, ба дурустӣ, ки ман ихтилофро бад мебинам, то мардум ҷамоат (ва ваҳдат)-е дошта бошанд ё ин ки ба мисли асҳобам бимирам». Ибни Сирин – ровии ҳадис аз Убайда бар ин асос мегуфт: Оммаи он чи бар Алӣ ривоят мекунанд, дурӯғ аст (Саҳеҳи Бухорӣ, 3707).
Абубакри Сиддиқ дар аввалин суханронии худ пас аз ҳамди Худо ва саное лоиқ ба шаъни Ӯ гуфт: «Эй мардум, ман ба роҳбарии шумо интихоб шудам ва аз шумо беҳтар нестам, агар некӯ кардам, пас маро ёрӣ диҳед ва агар бад кардам, маро рост созед. Сидқу ростӣ амонат ва дурӯғ хиёнат аст. Заъифи шумо назди ман тавоно (қавӣ) аст, то иншоаллоҳ, ҳақро барояш биситонам ва қавии шумо назди ман заъиф аст, то иншоаллоҳ, ҳақро аз вай бозситонам.
Ҳеҷ қавме мубориза (ҷиҳод) дар роҳи Худоро тарк намекунанд, магар ин ки Худо онҳоро ба хориву зиллат гирифтор месозад ва дар байни ҳеҷ қавме фаҳшо паҳн (шоеъ) намешавад, магар ин ки Худо онҳоро бо балое ом гирифтор месозад.
То вақте аз Худо ва расулаш итоат дорам, маро итоат намоед ва вақте Худо ва расулашро нофармонӣ кардам, дигар тоате барои ман бар шумо нест. Ба намозатон бархезед, Худоятон раҳмат кунад!» (ал-Бидоя ва-н-ниҳоя. – Ҷ. 8. – С. 89, 90).
Абубакри Сиддиқ пас аз байъати мусулмонон бо вай ва дафни расули Худо (с) лашкари Усомаро, ки паёмбар (с) пеш аз вафоташ барои рӯёрӯи бо сипоҳи Рум омода карда буд, ба он ҷо равона кард ва худ бо бақияи мусулмонон ба ҷанги муртаддон (баргаштагон аз дин) ва монеъони закот пардохт ва дар саросари нимҷазираи Араб ваҳдати калима ва ҳукми исломро дубора барқарор сохт. Дар айёми хилофати вай сарзамини Шом ва қисмати бузурге аз Ироқ низ фатҳ шуданд ва ислом дар берун аз нимҷазираи Араб интишор ёфт. Худованд фармондеҳони амин ва сарлашкарони диловареро барояш фароҳам овард, ба мисли Холид ибни Валид, Амр ибни Ос, Абуубайда ибни Ҷарроҳ, Ало ибни Ҳазрамӣ, Язид ибни Абусуфён ва Мусанно ибни Ҳориса. Ҳаёти Абубакри Сиддиқ аз ҳамон оғози ислом ва дар замони хилофаташ мояи баракат, пешрафт ва истиқрори ислом ва мӯҷиби сарбаландӣ ва иззати мусулмонон буд.
Абубакри Сиддиқ ба ҳилму меҳрубонӣ шуҳрат дошт ва Қуръон бори аввал дар замони вай ҷамъоварӣ шуд. Чаҳор иқдоми амалии вай дар замони хилофаташ, ки бо илҳом ва инояти илоҳӣ сурат гирифтаанд, воқеан ҳам таърихро ба нафъи мусулмонон рақам зад ва пояҳои тамаддуни исломро пойдор намуд: 1. Ҷанг бо муртаддон, 2. интихоби Холид ибни Валид барои ҷанг бо Мусайлима ва фатҳи Ироқ, 3. ҷамъи Қуръон, 4. интихоби Умар (р) барои хилофат пас аз сари худ.
Абубакри Сиддиқ аз илми ансоб ва таърихи араб, ки аз илмҳои муҳим назди онҳо буданд, баҳраи фаровоне дошт ва арабҳо ӯро олими Қурайш лақаб дода буданд, аз ин ҷиҳат, ҷавонони бедор ва родмардони ҳушманд, ки нухбагони фикриву фарҳангии он сарзамин буданд ва дӯст медоштанд ин илмҳоро фаро гиранд, ҳамеша ба суҳбат ва маҷлиси вай омадушуд ва муровада доштанд, то аз дониши вай баҳраманд шаванд, донише, ки бо он фаровонӣ ва фарогирӣ аз дигаре ғайр аз ӯ ёфт намешуд. Табақаи коргару молдори Макка низ аз ҷӯяндагон ва толибони маҷлиси Абубакри Сиддиқ буданд. Вай ҳамчунин аз тоҷирони маъруф ба шумор мерафт ва соҳибони манофеъ низ оҳанги ӯ мекарданд ва умуми мардум ба далели ахлоқи хубаш ба назди ӯ рафтуомад доштанд ва ӯ аз омадани онҳо шоду хушҳол мешуд ва бо онҳо унс мегирифт. Хулоса, табақот ва қишрҳои мухталифи ҷомеаи Макка ба гунае бо Абубакри Сиддиқ сару кор доштанд ва ҳар табақае баҳраи худро аз ӯ меёфт.
Абубакри Сиддиқ пеш аз ислом шароб, қимор, тақдими назру қурбонӣ барои бутҳо, савганд хӯрдан ба онҳо ва дигар разоили ахлоқӣ ва пастиҳои рафториро бар худ ҳаром гардонида буд. Вақте пурсида шуд, ки чаро шаробро бар худ ҳаром гардонидааст? Гуфт: Он ба ҳайсият, мурувват ва каромати нафси инсон латма мезанад ва дӯст надоштам, ки ба обрӯ ва каромати худ латма бизанам.
Ба ақидаи аҳли Суннат Абубакри Сиддиқ пас аз паёмбарон беҳтарини мардум аст (Фиқҳи акбар, банди 13) ва саҳоба будани вай бо насси Қуръон собит шудааст (Тавба, 9:40), вай ҳамеша ҳамроҳ ва дар канори паёмбар (с) буд ва пас аз вафоташ низ ӯро дар ҳуҷраи Оиша ва дар канори расули акрам (с) дафн карданд, ба гунае ки сараш дар баробари китфони он ҳазрат (с) қарор гирифт.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқизода А. Абубакри Сиддиқ. ЭМТ, Ҷ.1, саҳ.
- Ашраф Муҳаммад. Даҳ ёри биҳиштӣ (Аз арабӣ тарҷумаи Муҳаммадиқболи Садриддин). Душанбе, 2007
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Store norske leksikon (бук.) — 1978. — ISSN 2464-1480
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Abu-Bekr (ингл.) // Encyclopædia Britannica: a dictionary of arts, sciences, literature and general information / H. Chisholm — 11 — New York, Cambridge, England: University Press, 1911. — Vol. 1. — P. 78.
- ↑ Абу-Бекр (рус.) // Энциклопедический словарь / под ред. И. Е. Андреевский — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1890. — Т. I. — С. 46.
- ↑ encyclopedia.com (ингл.) — HighBeam Research.
- ↑ Али-заде А. Аиша бинт Абу Бакр (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 27 октябр
- Зодагони соли 573
- Зодагони шаҳри Макка
- Даргузаштагони 23 август
- Даргузаштагони соли 634
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳои исломӣ аз рӯи алифбо
- Саҳобагони Паёмбар (ﷺ)
- Нақшбандия
- Шахсиятҳои ислом аз рӯи алифбо
- Шахсиятҳо:Ислом
- Халифаҳои рошидун
- Шахсиятҳо:Хилофати Араб