Августи соли 2016

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод



Рӯйхати рӯйдодҳои [[Август| Шаблон:MONTHNAMEGEN]] соли 2016.

Рӯйдодҳои охирин[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯйдодҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 20 август — Шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллии Бразилия (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқоти ниҳоӣ шурӯъ шуд ва варзишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори унвони чемпиони бозиҳои XXXI олимпӣ ва медали тилои Бозиҳои олимпӣ гардид.
  • 24 август — Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.
  • 1825 август — Аз 18 то 25 август донишномаи Википедия.ру (анг. Wikipedia.ru), ба рӯйхати сомонаҳои дар Русия баста шуда шомил шуда буд. Ин амал бо пешниҳоди қарори суди яке аз ноҳияҳои вилояти Астрахани Русия барои дар ВП русӣ нашр намудани мақолаи "Чарас" ([[[1]|бештар...]]) ки таркибаш аз ингредиенти нашъаовар иборат аст, амалӣ гашта буд. 25.08.2016 Роснадзори Русия ин амалашро бекор кард ва ВП русӣ дар қаламрави Русия боз ба кор даромад. (бештар...)
  • 25 август — Дар хиёбони марказии шаҳри Душанбе вақти бегоҳӣ машқҳои роҳпаймоии ҳайати ҷузъу томҳои вазоратҳои қудратии ҷумҳурӣ барои гузаронидани паради ҳарбӣ ба муносибати таҷлили 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 9 сентябр - (Рӯзи истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) сар шуд. Дар назар аст, ки паради ҳарбӣ бо иштироки 9 ҳазор афсару аскарон ва бори аввал бо иштироки хизматчиёни низомӣ - занҳо гузаронида мешавад. Умуман, дар паради пешистода тахминан 50 ҳазор нафар хизматчиёни идораҳо ва донишҷуён ҷалб карда шудаанд, ки аз моҳи июл то ҳоло дар стадионҳои пойтахт машқ карда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки иштирокчиёни Паради ҷашнӣ бо сару либосӣ гуногуни рангоранг роҳпаймоӣ хоҳанд кард.[2][3]
  • 26 август — Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 2016 Дилшод Назаров барои саҳми намоён дар рушди варзиш ва дастоварди бузурги варзишӣ дар Бозиҳои ХХХI – тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро -2016 бо мукофоти давлатӣ Ордени Шараф дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Ин мукофоти давлатиро дар вазъияти тантанавӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров тақдим намуд. Ҳамчунин дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба Дилшод Назаров 300 000 сомонӣ тақдим намуд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24-уми августи соли 2016 аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.[4]
  • 28 август — Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи бемории президенти мамлакат Ислом Каримов хабар дод. Духтари президент тасдиқ кард, ки ӯ ба сактаи мағз гирифтор шудааст.[5].
  • 29 август — Дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонид.[6]
  • 31 августВикипедиаи Тоҷикӣ аз шумораи мақолаҳо дар ҷойи 68-ум қарор гирифт, ки шумораи мақолаҳои он ба 66 629, шумораи умумии саҳифаҳо 132 446 ва файлҳои боршуда 591 адад расиданд. Жарфии мақолот дар Википедиаи Тоҷикӣ ба 13,3 баробар буд.

Рӯйдодҳои мавриди интизор[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]