Ноҳияи Ёвон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Шаблон:Ноҳияи Ёвон, Афғонистон(мазмунҳо

Ноҳияи Ёвон
Ноҳияи Ёвон дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Tajikistan.svg Тоҷикистон Flag of Tajikistan.svg
Вилоят : Хатлон
Марказ: Ёвон
Замони таъсис : 11 июни 1934
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 976,2 км²
Шумораи шаҳракҳо : 2
Шумораи ҷамоатҳо : 7
Мардум
Аҳолӣ (2009) : 176 200 кас
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : JA
Код ISO : TJ.KL.JA
Пешшумора : +992 3141
Нишонии почта : 735310
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Ёвон (порсӣ: ناحیۀ یاوان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар бахши марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 11 июни соли 1934[1] дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[2].

Маркази ин ноҳия шаҳраки Ёвон (порсӣ: یاوان) аст, ки дар канори рӯди Ёвон, 54 км ҷанубу шарқтар аз Душанбе ва 88 км шимолтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад.

Ёвон-мувофики маъхазхои таърихи номи 10-умин фарзанди Одам будааст. тадкикотхо нишон доданд, ки дар ин сарзамин дар асри санг ва хатто пеш аз он инсонхо ба сар мебурдаанд. Ин далоил бар он аст, ки аз ин минтака ашёхои сангии таърихи ёфт гардиданд. Дар фархангномахо бошад, мафхуми Ёвонро биёбон шарх додаанд, ки ишора бар хамвории замини он аст.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Ноҳияи Ёвон бо сарзамине 976,2 км² дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ — бо ноҳияҳои Норак ва Данғара, дар ғарбу ҷануб — бо ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя аст.Равобити нохияи Ёвон бо аксарияти вилоятхо,шахру нохияхои чумхури ва бо кишвархои хоричи дар сохаи химияви, махсулоти хочагии кишлок, полези, тичорати, фарханги, маъдани ва дигар самтхо равобит дорад. С а н о а т и н о њ и я и Ё в о н Саноати ноњияи Ёвон низ сол то сол тараќќї мекунад. Корхонањои асаосии саноатї заводњои таъмири механизмњо, конструксияњои оњану бетонї ва маснуоти оњану бетонии раќами 3, ТЭЦ-и Ёвон, заводи нон ва устохонаи таъмири мошинњои хољагии ќишлоќ мављуданд. Дар ноњия аз соли 1966 сохтумони дар Осиёи Миёна калонтарин заводи электрохимиявии Ёвон оѓоз ёфта, комплекси якуми он декабри соли 1978 мањсулоти аввалин (гипохлорити калсий) дод. Завод дар асоси ашёи хоми минералии мањаллї (доломит ва оњаксанг) кор мекунад.

Мардум[вироиш]

Забони кории харрузаи мардуми нохияи Ёвон ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Мувофики маълумоти оммори дар соли 2009 дар ноҳияи Ёвон 176 200 нафар мардум зиндаги мекунанд. Дар нохияи Ёвон якчанд кавму миллатхо зиндаги мекунанд. Масъалан: точикхо, узбекхо, русхо, казокхо, киргизхо, хитоихо ва дигар кавму миллатхо умр ба сар мебаранд. Аслан ин минтака, нохияи аграри буда, ба сохахои кишоварзи, чорводори, богдори, токпарвари, кандакори, кулолгари, заргарию зардузи ва ба дигар сохахо шугл меварзанд. Мардуми нохия бисёр мехмоннавоз, мехмондуст мебошанд.

Ҳукумат[вироиш]

Сарвари ноҳияи Ёвон Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ёвон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ёвон барои 5 сол интихоб мекунанд.Дар нохия инчунин дигар идораву кумитахо амал мекунанд.

Бахшбандӣ[вироиш]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Ёвон 2 шаҳрак ва 7 ҷамоат[3] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Ёвон[4]
Ҷамоат Аҳолӣ
шаҳраки Ёвон 20 209
шаҳраки Ҳаёти нав 2 243
Даҳана 12 744
Гулсара
Норин 14 440
Оби мукӣ 19 347
Озодӣ 17 505
Ситораи Сурх 13 677
Чоргул 10 631

Таърих[вироиш]

Сарзамини кунунии ноҳияи Ёвон дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд.

Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Ёвон бахше аз вилояти Сталинобод гардид.

Иклими Ёвон[вироиш]

Иклими нохия суптропикии хушк, тобистон гарм, зимистон мўътадил. Харорати миёнаи мохи январ 4,0 с, июл 30,8 с. мебошад. Микдори боришоти солона (асосан зимистону бахор) 683-700 мм. Хокаш асосан хокистарї харчо-харчо шўрхок, хоки канорхои чанубии води – хокистарии сафедтоб, ќисмњои марказию љанубиаш – хокистарии муќаррарї, ќисми шимолии он – хокистарии тира, њарљо-њарљо хоки шўр мебошад. Дар даштњо растанињои биёбонї, янтоќ, шўра, љорубак, яшон ва ѓайра мерўянд. Аз њайвонњо асп, гов, гўсфанд, буз, гург, рўбоњ, харгўш, саг, гурба, хар, хук ва ѓайра, аз хазандањо мор, калтакалос, сангпушт ва аз парандањо кабк, бедона, фараштурук, кафтар, бум, булбул, майна ва дигар намудњои парандаву хазандањо вомехўранд. Ноњияи Ёвон соли 1977 6 совхози пахтакор, 1 совхози бурдоќпарварї, 1 совхози гўсфандпарварї ва 1 совхози сабзавоткорї дошт. Совхозњо ва маркази онњо «Ёвон-1» (марказаш дењаи Навкорам), «Ёвон-2» (Оби Мукї), «Ёвон-3» (Норин), «Ёвон-4» (Рўдакї), «Ёвон-5» (Норин…), «50 солагии ССР» (Њаёти Нав), совхозњои бўрдоќпарварї (Норин), совхози гўсфандпарварї (Парчасой) ва совхози сабзавоткорї (Озодї) буданд. Майдони умумии заминњои кишт 26083 га (дар соли 1977) , аз ин майдони пахта – 16494 га, ѓалла (гандум, љав, љуворимакка, нахўд, лўбиё ва ѓайра) – 2800 га, зироати хўроки чорво – 6016 га, сабзавот – 472 га, боѓи мева – 256 га, токзор – 132 га буд. Майдони умумии заминњои обиёришаванда дар ин давра – 24924 га мебошад. Киштзорњо асосан системаи обери Ёвону Обикик (аз соли 1969) обшор меамояд. Саршумори чорвои совхозњо (дар соли 1977 ба њисоби сар): гов-13294, гўсфандду буз-43060, хук-1508, асп-814, паранда-12050 (мурѓ ва мурѓобї). Дар соли 1977 ноњия ба давлат 37,5 њаз. тона пахта, 4123 тона шир, 13348 ц гўшт, 1439 ц пашм, 6104 ц ѓала, 11644 тона сабзавот ва 150 тона картошка супорид. Адабиёти истифодашуда: Энсклопедияи советии точик, рузномаи субхи Ёвон

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Яванский район
  2. Таджикская АССР
  3. "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved March 7, 2011. 
  4. http://www.undp.tj/files/maps/JCP/Tajik_pdf/Local_Governance/Khatlon/LG4.2.pdf


Ноҳияҳои Хатлон
Ноҳияи Балҷувон · Ноҳияи Бохтар · Ноҳияи Вахш · Ноҳияи Восеъ · Ноҳияи Данғара · Ноҳияи Ёвон · Ноҳияи Кӯлоб · Ноҳияи Қубодиён · Ноҳияи Қумсангир · Ноҳияи Мӯъминобод · Ноҳияи Норак · Ноҳияи Носири Хусрав · Ноҳияи Панҷ · Ноҳияи Румӣ · Ноҳияи Сарбанд · Ноҳияи Темурмалик · Ноҳияи Фархор · Ноҳияи Ховалинг · Ноҳияи Хуросон · Ноҳияи Ҳамадонӣ · Ноҳияи Ҷиликӯл · Ноҳияи Ҷомӣ · Ноҳияи Шаҳритус · Ноҳияи Шӯрообод