Алишери Муҳаммадӣ
Таърихи таваллуд: | 22 июн 1977 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 16 ноябр 2020 (43 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Ҷоизаҳо: |
Алишери Муҳаммадӣ (22 июли 1977, ноҳияи Ғарм, ҶШС Тоҷикистон — 16 ноябри 2020, ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон) — шоир, мутарҷим, мунаққид ва донишманди тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (2016)[1]. Узви Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2005) ва Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон (аз соли 2007). Аълочии маорифи Тоҷикистон (2004), барандаи медали «Хидмати шоиста» (2020).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДМТ (1999). Муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи № 1 шаҳри Душанбе (1997—2001), директори мактаби миёнаи № 52 (2001), мушовир (2001—2002; 2003—2004), коргузори (2004—2005) шуъбаи маорифи ноҳия, сардори шуъбаи иҷтимоиёти дастгоҳи раиси н. Рашт (2002—2003), муаллими Маркази таълимӣ-омӯзиши модулии ноҳияи Рашт (2004—2009), сармутахассиси КВД «Ориёно» (2009—2010), директори КВД «Клуби соҳибкорони ҷавон»-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010—2014), сармутахассис (2014), сардори (2014—2017) Маркази «Тоҷикшиносӣ»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Аз соли 2017 дар СИЭМТ ба сифати муҳаррири хурд, муҳаррири пешбари редаксияи таърих ва аз соли 2020 то охири умр дар вазифаи мудири редаксияи назорати илмӣ ва таҳрири адабӣ кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи қариб 10 мақолаи илмӣ ва илмӣ- оммавӣ доир ба арзишҳои маънавию ахлоқӣ.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Осори манзумаш дар маҷмӯаҳои «Никоҳи аҷуза» (2003), «Ранги ҳавасҳо» (2005), «Сафинаи зиё» (2010) фароҳам омада, мавзӯъҳои ишқ, васфи табиати кӯҳсор ва инсондӯстиро дар бар мегиранд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Алишери Муҳаммадӣ дар таърихи 16 ноябри соли 2020 дар синни 43-солагӣ бар асари бемории дил даргузашт[2][3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Алишер Мухаммади. Аксиологические проблемы этики суфизма. disserCat — электронная библиотека диссертаций (2016).
- ↑ Даргузашти шоири ҷавон Алишери Муҳаммадӣ дар 43-солагӣ. asiaplustj.info. Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus (16 ноябри 2020). 25 май 2021 санҷида шуд.
- ↑ Скончался известный таджикский ученый и поэт Алишер Мохаммади(рус.). Sputnik Таджикистан. Sputnik Таджикистан (16 ноябри 2020). 22 июни 2021 санҷида шуд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Алишери Муҳаммадӣ // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.