Jump to content

Амр ибни Лайс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амр ибни Лайс
Малики Сиистон
879 — 900
Пешгузашта Яъқуб ибни Лайс
Ҷонишин Тоҳир ибни Муҳаммад

Таваллуд номаълум
Даргузашт 901[1]
Дудмон Саффориён

Амр ибни Лайси Саффорӣ (форсӣ: عمرو لیث صفاری‎; номаълум901[1], Бағдод) — фармондеҳи сипоҳи Хуросон, дувумин амири силсилаи Саффориён (879—901) ва бародари бунёнгузори сулола Яъқуби Лайс.

Амр пас аз марги бародараш Яъқуби Лайс ҷонишини ӯ шуд. Вай барои қувват ёфтани давлати Саффориён, бар хилофи бародараш Яъқуби Лайс, саъй кард бо халифаи аббосӣ Мӯътамид иртиботи хубе дошта бошад. Ба ин манзур ба ӯ тобеъ шуд. Халифа аз ин иқдоми Амри Лайс хушҳол шуд ва ҳокимии Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристону Систон ва ҳатто Ироқи Аҷамро ба ӯ дод. Амр уҳдадор шуд, ки ҳар сол ба халифа 20 ҳазор дирҳам хироҷ супорад. Амр дар ин солҳо бо шӯришҳои дохилӣ мувоҷеҳ шуд. Дар ин давра амир Исмоили Сомонӣ — волии Бухоро Хоразмро ба тасарруфи худ даровард ва асоси воқеии давлати сомониёнро бино гузошт. Сипоҳи Амр аз Исмоили Сомонӣ шикаст хӯрд ва худ низ асир гардид (900—901). Аммо амир Исмоил бо ӯ ба нармӣ бархӯрд кард ва ӯро ба Самарқанд фиристод. Мӯътазиди аббосӣ аз ин огоҳ шуда тақозои ирсоли Амрро кард. Амр бо амри халифа муддате дар Бағдод зиндонӣ буд. Кишвари Хуросон ба ҳайати давлати Сомониён ҳамроҳ гардид[2]. Пас аз қатли Амр давлати Саффориён дигар он қудрати собиқро наёфт.

  1. 1.0 1.1 Амру (рус.) // Энциклопедический лексиконСПб.: 1835. — Т. 2. — С. 142.
  2. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе, 2011. — С. 99.
  • Бартольд В. В. Амр б. Лейс // Бартольд В. В. Сочинения. — М.: Наука, 1971. — Т. VII: Работы по исторической географии и истории Ирана. — С. 484.