Амр ибни Лайс

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
عمرو لیث
Амр ибни Лайс
Noimage.svg
Зодрӯз
Вазифа амир

Амр ибни Лайс – амири Давлати Саффориён, баъд аз Яъқуб ибни Лайс (873-879) дар давлат амир шудааст.

Яъқуб ибни Лайс бародараш Амрро ҷойнишини худ эълон карда, сипоҳиёнро даъват кард, ки аз ӯ итоат намоянд. Амр нахуст ба халифаи аббосӣ нома навишта, изҳор дошт, ки нисбат ба Аббосиён вафодор аст. Халифа дар ҷавоб фармони ҳукумати Форс, Кирмон, Исфаҳон, Табаристон, Сиистон, Ироқи Аҷам ва шаҳнагии Бағдодро ба номи ӯ содир кард. Амр ният дошт, ки Мовароуннаҳрро ҳам зери итоати худ оварад. Ягона ҳарифе, ки дар ќисматҳои шарќии хилофат ҳанӯз аз Амр итоат намекард, Исмоили Сомонӣ буд. Халифаи маккори аббосӣ аз қудратёбии ду саркардаи тоҷик ҷиддан нороҳат буда, интизори раќобату даргирии низомии ду саркардаи машҳур ва ду силсилаи маҳаллӣ буд. Халифа ҳар ду ҷонибро ҳам дастгирӣ карда, корро ба ҷое расонид, ки ҷанги ду сипаҳсолори тоҷик ногузир шуд.

Солҳои 899-900 миёни Амр ва Исмоил ҷанг рух дод. Дар ин мубориза Исмоили Сомонӣ тавонист, ки рӯҳияи мардуми Мовароуннаҳрро бар муқобили Амр бархезонида, аз тамоми табаќаҳои аҳолӣ дар мубориза бар алайҳи ӯ истифода намояд. Дар муҳорибаи ҳалкунанда, ки соли 900 рух дод, Амр асир гардид ва Исмоил ӯро ба Баѓдод фиристод, ки ҳамон ҷо аз олам даргузашт. Бо асир шудани Амр ќудрати Саффориён ба анҷом расид.[1]


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихихалқитоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011. –с. 99.

Пайвандҳои беруна[вироиш]